Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти фаластиниҳо дар Ғазза аз 25 ҳазор гузашт. Исроил аз марги як гаравгони дигар гуфт


Сарбозони исроилӣ дар борикаи Ғазза
Сарбозони исроилӣ дар борикаи Ғазза

​​​​​​​Вазорати беҳдошти борикаи Ғазза рӯзи 21 январ гуфт, шумори талафоти фаластиниҳо дар ҷанги Исроил баъди ҳуҷуми Ҳамос - созмоне, ки онро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ меноманд, аз 25 ҳазор нафар гузашт. Исроил аз даргузашти як гаравгони дигар хабар дод.

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ӯ дар як сӯҳбат бо президенти ИМА Ҷо Байден 19 январ таъкид кард, ки талаби Ҳамос ба оташбас, берункашии нирӯҳои исроилӣ аз Ғазза ва озод кардани фаластиниҳои аз ҷониби Исроил боздоштшударо бар ивази гаравгонҳои боқимонда рад кардааст. Нетаняҳу инчунин гуфт, нақшаи баъдиҷангии эҷоди давлати Фаластинро ҳам қабул надорад.

Ин мавқеи Нетаняҳуро дипломати калони аврупоӣ интиқод кард. Рӯзи душанбе раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррелл ба роҳҳали ниҳоии ду кишвар таъкид намуд. Ӯ рӯзи 22 январ пеш аз мулоқоташ бо дипломатҳои калони Фаластин ва Исроил гуфт, ки Исроил наметавонад фақат аз роҳи низомӣ сулҳ барпо кунад.

Жозеп Боррелл, раҳбари сиёсати хориҷии ИА
Жозеп Боррелл, раҳбари сиёсати хориҷии ИА

Боррелл интиқоди СММ-ро такрор карду гуфт, ки аз ҷониби Нетаняҳу рад шудани даъватҳо ба эҷоди давлати Фаластин баъди хатми ҷанг дар Ғазза “ғайри қобили қабул аст”. Боррелл гуфт: “Мо хостори роҳҳали ниҳоии ду кишвар ҳастем. Биёед дар ин бора сӯҳбат кунем”. Ӯ афзуд, “сулҳ ва субот наметавонад танҳо аз роҳҳои низомӣ таъмин шавад”.

Қарор аст имрӯз вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо бо ҳамкоронашон аз Исроилу Фаластин, инчунин, кишварҳои калидии арабӣ дидор карда, ҷанг дар Ғазза ва дурнамои ҳалли сулҳомези вазъро баррасӣ кунанд. Вазири корҳои хориҷии Исроил – Исроил Катс ва ҳамтои фаластиниаш Риёз ал-Маликӣ дар сафар ба Брюссел бо ҳам дидору гуфтугӯ нахоҳанд кард. Сӯҳбати мақомоти аврупоӣ бо вазирони хориҷаи Миср, Урдун ва Арабистони Саудӣ аз пеш хабар дода шудааст.

Куштори як узви Ҳизбуллоҳ

Нигарониҳо ин аст, ки эҳтимолан ҷанг дар Ғазза ба дарозо бикашад.

Дар ҳамин ҳол, 21 январ мақомоти амниятии Лубнон гуфтанд, ки эҳтимолан дар як ҳамлаи дрони исроилӣ дар ҷануби Лубнон як ҷангии гурӯҳи Ҳизбуллоҳ кушта шуд. Расонаҳои давлатии Лубнон гуфтанд, ки дар ҳамлаи ҳавоии Исроил дар наздикии як посгоҳи артиш дар Лубнон ду мошин осеб дид. Дар ин ҳамла инчунин чанд нафар маҷрӯҳ шуданд ва дар миёни онҳо афроди мулкӣ ҳам ҳастанд. Дар ин бора расонаҳои давлатӣ ва мақомоти беҳдошти Лубнон хабар доданд.

Сарҳади шимолии Исроил дар марз бо Лубнон 21 январ. Дар паи эҳтимолан бомбаборони Исроил дар деҳаи Кфар Килаи Лубнон дуди оташ ба ҳаво хестааст
Сарҳади шимолии Исроил дар марз бо Лубнон 21 январ. Дар паи эҳтимолан бомбаборони Исроил дар деҳаи Кфар Килаи Лубнон дуди оташ ба ҳаво хестааст

Ҳизбуллоҳ гуфт, ки як узваш бо номи Фадел Шаър дар шаҳри Кафра кушта шуд.

Мақомоти маҳаллии дифои маданӣ гуфтанд, ки ҳафт нафар, аз ҷумла, ду зан маҷрӯҳ шуд ва яке аз онҳо дар ҳолати сангин қарор дорад.

Як мақоми амниятии Лубнон гуфт, ки дар ин ҳамла “як узви тими дифоии Ҳизбуллоҳ кушта шудааст”.

Мақомоти интизомии Исроил ин хабарро шарҳ надоданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG