Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куҳансолтарин домоду арӯс дар Тоҷикистон ақди никоҳ бастанд. ВИДЕО


Акси Тулқинбой Томатови 86-сола бо Нозима Раҳимоваи 82 сола пас аз издивоҷ
Акси Тулқинбой Томатови 86-сола бо Нозима Раҳимоваи 82 сола пас аз издивоҷ

Дар як маросиме дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон зану марде бо ҳам издивоҷ карданд, ки синашон аз 80 боло аст.

Мақомоти маҳаллӣ онҳоро кӯҳансолтарин арӯсу домод дар кишвар медонанд.

Нозима Раҳимоваи 82-сола пас аз даҳ соли шиносоӣ розӣ шуд, ки бо Тулқинбой Томатови 86-сола ақди никоҳ бандад.

Онҳо бо ҳам дар “Хонаи пиронсолон”-и шаҳри Хуҷанд шинос шуданд ва ҳоло пас аз издивоҷ тасмим доранд, мустақилона ва берун аз ин марказ зиндагӣ кунанд.

Тулқунбой ва Нозима
Тулқунбой ва Нозима

Нозима Раҳимоваи тотортабор, ки аз издивоҷи худ хушҳол аст, солҳо пеш аз Русия ба Узбекистон ва баъдан ба ноҳияи Ашти Тоҷикистон омадаву дар идораи Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ солиёни зиёд кор кардааст. Пас аз бознишастагӣ ӯро дар “Хонаи пиронсолон”-и шаҳри Хуҷанд ҷой кардаанд. Ӯ мегӯяд, ду фарзанд дорад, ки солҳо онҳоро надидааст. Нозима гуфт, дар “Хонаи пиронсолон” бахти худро ёфт ва аз зиндагӣ розист.

“Бароям бо ҳамин мард будан хеле хуб аст. Ҳатто барои ҳоҷатхона рафтанам кӯмак мекунад. Худам танҳо бошам, хеле ғамгин мешаваму гиря мекунам ва дасту дилам ба ҳеҷ кор намеравад. Фақат дароз мекашаму хоб меравам. Бе ин мард барои танҳо монданам метарсам. Ҳамин мард ҳаст, ки фақат аз паям мешавад,”—гуфт ӯ.

Тулқунбой Томатови 86-сола мегӯяд, то издивоҷ онҳо солҳо бо ҳам шинос буданд ва ошиқи ҳамдигар шуданд. “Аввал ба инҷо ман омада будам. Он вақт ин ҳамсарам набуд. Баъд мо бо ҳамдигар суҳбат карда шинос шудем. Директор аз муносибати мо бохабар шуду ҳардуямонро якта кард. Хонаи алоҳида дод. Хизмати ҳамдигарро мекунем. Ин хизмати маро мекунад ва ман хизмати ӯро мекунам,”—гуфт Тулқунбой.

Тулқунбой Томатов зодаи деҳаи Моҳпарии шаҳри Исфара аст. Ӯ гуфт, аз ду ҳамсари қаблӣ се фарзанд дорад, вале шароиташ то расидан ба “Хонаи пиронсолон” хуб набуд. Издивоҷ бо Нозимаро ӯ муҳимтарин ҳодисаи зиндагиаш медонад. “Ин ҳамсарам камтар хам шуда роҳ мегардад, барои ҳамин раҳмам омада гирифтам. Чанд ошпазҳо гуфтанд, ки дигарашро, масалан нағз роҳ мегаштагиашро гиред хуб набуд?! Ман гуфтам, ки ҳамин ба ман маъқул аст. Дуои ҳаминро гирам шуд гуфта, аз паи дигараш нашудам,”—нақл кард Тулқинбой.

Нозима ва Тулқунбой мегӯянд, хушбахт ҳастанд.
Нозима ва Тулқунбой мегӯянд, хушбахт ҳастанд.

Ба гуфтаи Тулқунбой ва Нозима, онҳо ҷамъан дар як моҳ 60 сомонӣ, ҳудуди 5 доллари амрикоӣ нафақа мегиранд. Онҳо мегӯянд, бо сабаби гум кардани дафтарчаи меҳнатӣ чунин нафақа мегиранд, вале метавонанд бо ин маблағ мустақилона зиндагиашонро пеш баранд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Бе ин мард аз танҳо мондан метарсам"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00

Дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд бештар аз 60 нафар занону мардони калонсол зиндагӣ мекунанд ва онҳо зери парастории давлат ҳастанд. Ба онҳо ҳамшираҳои шафқат ва табибон хизмат мерасонанд. Ба гуфтаи масъулони ин Марказ, дар байнашон нафароне ҳам ҳастанд, ки нияти ҳамхона шудан доранд.

Нӯрӣ Қаюмова, корманди Хонаи пиронсолони Хуҷанд гуфт, бархе пиронсолон инҷо бо ҳам унс мегиранд ва баъдан издивоҷ мекунанд. Ӯ гуфт, шояд издивоҷи Нозима ва Тулқунбой ниҳоӣ набошад, чун аллакай чор ҷуфти дигар барои издиво бо ҳам ба онҳо муроҷиат кардаанд.

Ҳарчанд дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон дур аз парастории пайвандону фарзандон мондани шахсони калонсолро мояи накӯҳиш медонанд, аммо бо ин вуҷуд, омори шахсони бесарпаноҳ ва ё ба чунин марказҳо овардашуда афзоиш меёбад. Танҳо дар ин маркази нигоҳубини чунин ашхос наздик ба панҷ нафар дар як сол афзудааст. Иддае аз онҳо дар чунин ҷой соҳиби ҳамсари ҳаётӣ гардиданро муждае аз ҳаёти нав медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG