Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: "Кишварро акнун ҷавонон соҳибӣ кунанд"


Эмомалӣ Раҳмон, акс аз соли 2008
Эмомалӣ Раҳмон, акс аз соли 2008

“Ман ҳамин қадарро уҳда кардам, акнун ояндаашро ҷавонон кунанд, онҳо кишварро соҳибӣ кунанд”, -- гуфта буд раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2008 ва дар посух ба суоли хабарнигори вақти Радиои Озодӣ, Латифи Латифӣ, дар дидор бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Ню Йорки Амрико.

Як бахши ин суҳбати ӯ ба фаъолияти Радиои Озодӣ рабт гирифта буд. Вай гумон надошт, ки дар мулоқот бо донишҷӯён хабарнигоре ҳам роҳ меёбад ва ба ӯ суол медиҳад.

Президенти Тоҷикистон дар ҳоле ки моҳи марти 2007 насаби худро аз РаҳмонОВ ба Раҳмон иваз карда буд, дар ҳамин суҳбат худро ҳамоно “Раҳмонов” ном мебарад ва ба эҳтимоли зиёд ҳанӯз ба насаби нав одат накарда буд.

Вай Радиои Озодиро “тафриқаандоз” номида, зери тозиёнаи танқид гирифт, чун махсусан аз он норозӣ буд, ки ин расона ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия диққати зиёд медиҳад ва дар бораи онҳо зиёд мегӯяд, махсусан аз мушкилоти онҳо. Ҷаноби Раҳмонов он вақт муҳоҷирати кориро як раванди ҷаҳонӣ номида, намунаҳое оварду гуфт, аз бекорӣ дида ин хуб аст, ки одамон муҳоҷир шаванд, пул кор кунанд ва кишварро обод намоянд.

Ин шикоятро ҳам кард, ки дар худи кишвар коргар намерасад, масалан дар "Роғун", мушкиле ки то ҳоло садо медиҳад, ҳарчанд ӯ намегӯяд, маоши паст сабаби чунин вазъият аст. Инро ҳам мегӯяд, ки аз сохтмони Қасри Миллат он рӯзҳо 800 коргари тоҷик рафтаанд ва ҳукумат маҷбур шудааст, аз Ҳиндустон коргар биёрад.

Чанде пеш, дақиқтараш охири декабри соли 2023, низ раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирон изҳори назар кард, он ҳам ҳангоми паём доданаш ба порлумон ва гуфт аз сахтиву мушкилоти муҳоҷирон ба хубӣ огоҳ аст.

Вай гуфт: "Барои мову шумо айб нест? На ин ки мардҳо, занҳои тоҷик, бонувони тоҷик дар муҳоҷират ҳастанд, ҳазорон ҳазор. Мо нангу номус дорем? Ҳар сол аз дигар ҷой аз ҳисоби муҳоҷирон садҳо ва зиёдтар аз он ҷасад меорем. Онҳое, ки барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ барои фарзандон мераванд. Чунки мо, роҳбарон, аз боло то поён, фақат фикри, мебахшед, нафси бади худро дорем.”

Як чиз ин ҷо ҷолиб аст, ки аз куҷо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти муҳоҷирон огоҳии хуб дорад, вақте ки сафорату намояндаҳояш дар ин бора ба ӯ чизе намегӯянд ё маълумоти хеле кам медиҳанд ва матбуоти Тоҷикистон низ ин мавзуъро чандон хуш надорад. Радиои Озодӣ тақрибан ҳамарӯза аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик чӣ дар Русия ва Қазоқистон ва чӣ кишварҳои дигар хабару гузориш медиҳад. Ва ҷаноби президент чанд сол пеш аз ин кори Радиои Озодӣ норозӣ буд. Ҳоло бояд ташаккур гӯяд ё не? Вале барои кормандони ин расона суханони садҳо ҳазор муҳоҷир ба маротиб аҷри бештар дорад.

Барномаро дар инҷо бишнавед:

Э.Раҳмон: “Кишварро акнун ҷавонон соҳибӣ кунанд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:20:00 0:00
Линки мустақим

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG