Мэтю Миллер ин суханонро дар нишасти матбуотӣ ба забон овард. Вай гуфт, Исроил ҳоло чунин фурсат дорад ва кишварҳои минтақа низ омодаанд, ки амнияташро замонат диҳанд.
"Аммо бе ташкили Фаластин, ҳеч роҳе барои ҳалли таҳдидҳои дарозмуддати онҳо, таъмини амнияти доимиашон ва таҳдидҳои кӯтоҳмуддат барои бозсозии Ғазза, аз ҷумла таъсиси давлате дар Ғазза ва таъмини амнияти он вуҷуд надорад," -- илова кард Мэтю Миллер.
Изҳорот дар ҳоле баён шудааст, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи панҷшанбе дар як нишасти матбуотӣ мухолифати худро бо ташкили кишвари мустақили Фаластин эълон кард.
Ӯ гуфт, ба ҳукумати Амрико иттилоъ додааст, ки дар ҳар вазъияте, ки пас аз ҷанг дар Навори Ғазза ба миён биояд, бо ташкили кишвари мустақили Фаластин мухолиф аст ва тасаввур намекунад, ки ташкили чунин кишваре амнияти Исроилро замонат диҳад.
Нетаняҳу ҳамчунин гуфт, "дар ҳар созише ва ё тарҳе, ки дар оянда амалӣ шавад, Исроил бояд назорати амният бар ҳама минтақаҳои каронаи бохтарии рӯди Урдунро дар даст дошта бошад".
Ӯ дар идома афзуд, ташкил нашудани давлати Фаластин дар солҳои гузашта низ монеае бар сари роҳи оддисозии робитаҳои Исроил бо кишварҳои арабӣ ба шумор намерафт. Нетаняҳу гуфт, ҳамчунон тасмим доранд, ки бо кишварҳои бештаре ба мусолиҳа бирасанд.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, ҳафтаи гузашта дар чорумин сафаре, ки аз оғози ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил, ба Ховари Миёна дошт, пешнависи созишномаеро ба Исроил бурд.
Дар он зикр шуда буд, фақат дар сурате, ки Исроил ваъда диҳад, ки дар ниҳоят иҷозаи ташкили кишвари мустақили Фаластинро медиҳад, ҳамсоягони мусалмони Исроил пас аз ҷанги ҳозира ба бозсозии Ғазза ёрӣ хоҳанд кард ва ба робитаҳои иқтисодӣ бо Исроил идома хоҳанд дод.
Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли гузашта бо ҳамлаи гурӯҳи тундра "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва 240 тани дигар ба гарав гирифта шуданд. 130 тан аз ин гаравгонҳо ҳанӯз дар ихтиёри гурӯҳҳои фаластинӣ ҳастанд.
Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Фаластин, аз оғози ин даргириҳо то кунун бар асари ҳамлаҳои Исроил беш аз 24500 фаластинӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд.
Бо вуҷуди талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои даст ёфтан ба як оташбаси доимӣ, Исроил ба он розӣ нашуда ва мегӯянд, ки то аз байн бурдани гурӯҳи "Ҳамос" ба ҷанг идома медиҳад. "Ҳамос" ҳам гуфтааст, ки дар баробари ҳамлаҳои Исроил муқовимат мекунад.
Гуфтугӯ