Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҷабҳаи мухолиф дар Афғонистон аз ҳамлаҳо ба "Толибон" хабар доданд


Ду гурӯҳи мухолифи ҳукумат дар Афғонистон бо нашри наворҳои видеоӣ гуфтанд, ки дар ҳамла ба "Толибон" талафот ворид карданд. "Толибон" то кунун дар мавриди ин иддаои Ҷабҳаи озодии Афғонистон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ вокуниш нишон надодаанд.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон рӯзи шанбе, 13-уми январ, дар шабакаи "Х" (Твиттери пешин) навишт, ки танҳо дар як шабонарӯзи гузашта ба пойгоҳҳои "Толибон" дар вилоятҳои Панҷшер, Парвон ва Бағлон се ҳамла анҷом дод.

Ин ҷабҳа рӯзи панҷшанбе ҳам гуфта буд, ки як корвони гурӯҳи истихборотии "Толибон"-ро дар шаҳри Кобул нишон гирифт. Бар асоси омори пешниҳодшуда аз сӯи Ҷабҳаи озодии Афғонистон, дар ин чаҳор ҳамла 8 нафар аз афроди ҳукумати "Толибон" кушта ва 9 каси дигар захмӣ шудаанд.

Аз тарафи дигар, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд гуфтааст, дар як ҳамлаи чирикӣ дар вилояти Парвон дар рӯзи чаҳоршанбе як нерӯи "Толибон" кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Радиои Озодӣ ба таври мустақилона ин иддаоро тасдиқ карда наметавонад ва ҳукумати "Толибон" ҳам то кунун ба ин гуфтаҳои Ҷабҳаи озодӣ ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ вокуниш нишон надодааст.

Ин ҷабҳаҳо пеш аз ин низ дар бораи чунин ҳамлаҳо ба нерӯҳои "Толибон" хабарҳо нашр карда буданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, суханӯи ҳукумати "Толибон" ба суоли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар ин маврид посух надод. Чанде пеш Мулло Яъқуб, вазири дифои ҳукумати "Толибон", ба мухолифони ин гурӯҳ ҳушдор дода буд, ки "таблиғоти беҷо ба зарарашон тамом хоҳад шуд".

Ҳудуди як моҳ пеш Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар гузорише гуфт, дар се моҳи гузашта чанд гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи "Толибон" дар Афғонистон фаъолият доштаанд. Ӯ аз ҷумла, аз Ҷабҳаи озодии Афғонистон ном бурд.

Ин дар ҳоле аст, ки Кобул ҳафтаи гузашта дар нахустин рӯзҳои соли нави мелодӣ шоҳиди се таркиши пайдарпай буд. Бар асоси омори ироашуда аз сӯи ҳукумати "Толибон", дар ин таркишҳо дастикам 10 нафар кушта ва беш аз 30 нафар захмӣ шудаанд.

Шохаи Хуросони гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ду ҳамларо бар уҳда гирифт.

Бо онки ҳукумати "Толибон" борҳо иддао кардааст, ки амният дар саросари Афғонистон таъмин аст, ҳар чанд вақт хабар аз таркишҳо ва ҳамлаҳо дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон ба нашр мерасад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG