Мақомоти марзбонии Лаҳистон (Полша) ба Аслиддин Шерзамонов, писари Алим Шерзамонов, фаъоли мухолифини тоҷик дастур додаанд, ки хоки ин кишвар ва Иттиҳоди Аврупоро тарк кунад.
Аслиддин Шерзамонови 30-сола бар асоси раводиди хос ё башардӯстонаи яксола дар Лаҳистон зиндагӣ мекунад ва ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғул аст. Ӯро рӯзи 10-уми январ дар шаҳри Тересполи Полша, ки ҳаммарз бо Брести Белорус аст, боздошт карда, барои нақзи қонунҳои ин кишвар ҷарима карданд.
Ҳанӯз сабаби боздошту ҷаримаи ӯ маълум нест.
Мақомоти Лаҳистон ҳодисаро шарҳ надоданд, вале Алим Шерзамонов, фаъоли мухолифини тоҷик ва падари Аслиддин рӯзи 12-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз “сарнавишти писараш сахт нигарон аст.”
“Шабе, ки ӯро боздошт карда буданд, мо ба Омбудсмени Полша муроҷиат кардем ва бо дахолати онҳо марзбонон ӯро раҳо карданд, вале дастур доданд, ки ихтиёрӣ аз ин кишвар берун шавад. Мо ҳоло талош дорем, ки роҳҳои қонунии мондани ӯ дар Полшаро пайдо кунем,”—гуфт Алим Шерзамонов.
Худи Аслиддин Шерзамонов барои шарҳи ҳодиса дастрас нест.
Ӯ ҳамчун ҳомии ҳуқуқи ақаллиятҳои помирӣ дар нишастҳои байналмилалӣ суҳбат мекард. Аз ҷумла, рӯзи 1-уми декабри соли гузашта дар нишасти вобаста ба ақаллиятҳо ё камшуморон дар Женева аз Созмони Милал хост, ки рафтори нерӯҳои амниятии Тоҷикистонро дар ҳодисаҳои солҳои 2021 ва 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ кунад.
Ӯ пешниҳод кард, ки барои ин кор кумисюни байнулмилалии мустақил таъсис ёбад.
Дар гузашта чанд кишвари аврупоӣ паноҳҷӯёнро, ки ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғул буданд, ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Аксари онҳо дар ватан ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.
Гуфтугӯ