Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир таъсири мошинҳои вазнинро танқид кард, вале номи соҳибонашонро нагуфт


Мақомот гуфтанд, ин пул дар ноҳияи Восеъ хароб шудааст
Мақомот гуфтанд, ин пул дар ноҳияи Восеъ хароб шудааст

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои кишвар нигаронӣ карда гуфтааст, чунин нақлиётҳо роҳ ва пулҳоро қабл аз муҳлат хароб мекунанд.

Азим Иброҳим 8-уми январ дар ҷаласае гуфтааст, "ҳаракати мошинҳои вазнин, ки беш аз 40 тонна борро интиқол медиҳанд," дар роҳҳои Тоҷикистон манъ карда шудааст.

"Он ки мошинҳои боркаш аз меъёри муқарраршуда зиёд бор гирифта, роҳҳо ва пулҳоро вайрон мекунанд ва ба давлат зарари калон мерасонанд, таҳаммулнопазир аст,"-гуфтааст вазири нақлиёт.

Ба навиштаи сомонаи Вазорати нақлиёт, вазир Азим Иброҳим навореро мисол овардааст, ки як пул (купрук) ба вазни мошини гаронвазн тоб наоварда, шикастааст.

Мақомот гуфтанд, навор дар деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ сабт шуда, мошини боркаши "Дулан" ҳангоми интиқоли сангу шағал бо вазни 50-52 тонна аз болои пули деҳа гузашта, "боиси шикаста ва фурӯ рехтани ин пул гардидааст." Масъулини Вазорати нақлиёт мегӯянд, маводҳои ин ҳодисаро ба додситонӣ фиристодаанд.

Азим Иброҳим дар ҳузури кормандони Вазорати нақлиёт гуфтааст, "буҷет ҳамасола даҳҳо миллион сомониро аз сабаби бо вазни аз меъёр зиёд дар роҳҳо ҳаракат кардани мошинҳои боркаш аз даст медиҳад."

Садама дар Кӯлоб. 6 августи соли 2023
Садама дар Кӯлоб. 6 августи соли 2023

Вазири нақлиёт ҳамчунин садамаи моҳи августи соли гузашта дар Кӯлобро зикр кардааст, ки “тормоз”-и мошин бо сабаби бори зиёд доштан аз кор баромад. Дар ин садама 10 кас ҷон бохта, 11 нафар маҷруҳ шуданд. Мошине, ки садама кард ба ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” тааллуқ дошт.

Азим Иброҳим дастур додааст, ки дар роҳҳои "Тарозуи ҳушманд" насб кунанд, то вазн ва андозаи нақлиётро бидуни дахолати инсонӣ муайян кунад.

Аммо вазири нақлиёт нагуфтааст, ки мошинҳои гаронҳаҷм ба кадом ширкатҳо тааллуқ доранд. Бархе сокинон мошинҳои гаронвазнро ба ширкатҳои маъруф рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG