Ӯ ҷойгузини Аҳрол Рисқуллоев, довари FIFA аз Узбекистон, гардид, ки бо сабаби осеб дидан наметавонад бозиҳои Ҷоми Осиё-2023-ро ҳакамӣ кунад.
Инчунин дар Ҷоми Осиё дар Қатар Рустам Абдуллоев, роҳбари департаменти доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайси мураббии бадансозӣ доваронро ба бозиҳо омода мекунад.
АЗ ФУТБОЛБОЗ ТО ДОВАРИ AFC
Гулмурод замоне футболбоз буд. Мехост дарвозабони моҳир шавад ва ба муқобили беҳтарин ҳамлагарони дунё бозӣ кунад. Вале ҷароҳати дасташ ин орзуи ӯро барбод дод ва муддати тӯлонӣ аз футбол дур шуд.
Бо гузашти солҳо меҳри беандоза ба футбол ӯро дубора ба майдон овард, аммо ин дафъа на ба ҳайси бозигар, балки ҳамчун довар.
Ӯ мегӯяд, аз соли 2015 довариро нахуст дар бозӣ миёни дастаҳои наврасон шурӯъ кард ва баъдан дар лигаҳои якум ва олии футболи Тоҷикистон ба ҳайси довар таъин гардид.
Ин довари 32-солаи тоҷик, ки аз ҳамаи марҳилаи санҷишҳо бомуваффақият гузаштааст, аз соли 2019 ба ҳайати доварони мумтози Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дохил аст.
Ӯ мегӯяд, барои ба ҳайати доварони мумтози AFC ворид шудан, чаҳор марҳилаи санҷиширо пушти сар кардааст.
"Марҳилаи аввал, ки аз баҳодиҳӣ ба дониши назариявӣ, донистани забони англисӣ ва омодагии физикӣ ё ҷисмонӣ иборат буд, моҳи октябри соли 2017 дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур - доир гардид. Баъдан маро ба марҳилаи баъдӣ роҳ доданд. Ибтидои моҳи сентябри соли 2018 дар давраҳои бозомӯзии ҳакамон (AFC Elite Referees Selection Course) дар Малайзия ширкат варзида, аз имтиҳони фитнес-тест бомуваффақият гузаштам», - гуфт Гулмуроди Саъдулло.
БАҲОИ БАЛАНДИ НАМОЯНДАГОНИ AFC БА ДОВАРИИ ГУЛМУРОД
Анваршоҳ Мирзоев, корманди масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, мегӯяд, соли 2018 ба доварии Гулмуроди Саъдулло дар ду бозии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон намояндагони AFC баҳогузорӣ карданд.
“Доварии Гулмуроди Саъдулло дар мусобиқоти дохили ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд буд. Бинобар ин, Федератсияи футболи Тоҷикистон номзадии ӯро барои дохил шудан ба рӯйхати доварони мумтози Конфедератсияи футболи Осиё пешниҳод намуд. Ӯ аз соли 2019 дар мусобиқоти байналмилалӣ ба ҳайси сардовар ё довари эҳтиётӣ ифои вазифа мекунад”, - иброз дошт Анваршоҳ Мирзоев.
Гулмурод ҳамеша саргарми омӯзиши қоидаҳои нави футбол аст. Ба гуфтаи ӯ, барои як довари муваффақ шудан бояд ҳамарӯза тавсияҳои FIFA ва АFС-ро пайгирӣ кунад.
Ба таъкиди ин довари мумтоз дар интихоби ҳакам дар бозиҳои сатҳи байналмилалӣ, масъулини АFC дар баробари маҳорати доварӣ, ба донистани забони англисӣ аҳамият медиҳанд. Ӯ ба ҷуз аз забони тоҷикӣ, забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонад.
ГУЛМУРОД ОРЗУ ДОРАД БОЗИҲОИ ҶОМИ ҶАҲОНИРО ДОВАРӢ КУНАД
Гулмурод оиладор ва соҳиби фарзандон аст. Зиндагиашро асосан аз ҳисоби даромаде, ки аз доварӣ мегирад, пеш мебарад.
То ба ин сатҳи доварӣ расидан, дар баробари касбаш шуғли дигаре ҳам дошт, таъмиргари кондитсионер буд.
"Замоне, ки довариро шурӯъ кардам, ҳамзамон дар вақтҳои истироҳатам ба таъмири кондитсионер машғул будам. Панҷ-шаш соли охир пурра ба доварӣ гузаштам, вале агар дӯстонам хоҳиш кунанд, дар таъмиру насби кондитсионер ба онҳо кӯмак мекунам", - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Гулмуроди Саъдулло ахиран сардовари бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «D» байни дастаҳои мунтахаби Умон ва Тайбейи Чин буд. Ин бозӣ 16-уми ноябри соли гузашта дар шаҳри Масқат баргузор шуд.
Ҳамакнун ин довари ҷавон орзу дорад, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол Тоҷикистону қораи Осиёро намояндагӣ кунад.
Гуфтугӯ