Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳибаи охирини Нафасбеки Раҳмонӣ: "Бузургӣ аз бахшандагист" САДО


Нафасбеки Раҳмонӣ
Нафасбеки Раҳмонӣ

23-юми декабр зодрӯзи шоир ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Нафасбеки Раҳмонист. Ӯ дар соли 1952 дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шудааст.

Соли 1975 факултети физикаи Донишкадаи омӯзгориро хатм карда, муддате омӯзгори физика буд. Пас аз ном бароварданаш бо ашъори дилошӯб аз тарафи сардабири машҳур Бӯринисо Бердиева ба кор дар “Маориф ва маданият” даъват шуда, аз соли 1977 то 1987 дар ин ҷо кор кард.

Сипас мудири шуъбаи рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” таъйин шуд, аммо соли 1991 дубора ба “Маориф ва маданият” баргашт, ки акнун “Омӯзгор” ном гирифта буд. То оғози ҷанги дохилm корманди Вазорати маориф буд.

Дар оғози ҷанг ба Хоруғ рафт ва аз онҷо дар соли 1993 ба Маскав сафар кард. Ин мусоҳибаи ӯ бо Радиои Озодӣ зимистони соли 1993, як рӯз баъди ба Маскав расиданаш, сабт шудааст. Аз Русия Нафасбек аввал ба Эрон ва сипас Афғонистон рафт ва бо мухолифони давлат пайваст.

Ду сол баъдаш, 7-уми майи соли 1995, Нафасбеки Раҳмонӣ аз тарафи Ризвон Содиров, фармондеҳи нерӯҳои мухолифи давлат ё дақиқтараш, як ҷангсолори саркаш, ки гуфта мешуд, ҷосуси хадамоти амнияти Русия низ буд, бераҳмона кушта шуд. Ин куштор дар Афғонистон рух дод ва мазори Нафасбеки Раҳмонӣ онҷо, дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Кундуз воқеъ аст.

Ин мусоҳиба як андоза тасодуфӣ ва сарироҳӣ буд, вале хеле дарднок. Дар поёни суҳбат аз Нафасбеки Раҳмонӣ хоста шуд, чанд шеъри навашро бихонад. Ӯ барои шунавандагони Радиои Озодӣ як шеъри нав ва чанд рубоие хонда буд, ки дардҳои он давраро дар худ гунҷондаанд.

Нафасбеки Раҳмонӣ: "Бузургӣ аз бахшандагист"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:20:02 0:00
Линки мустақим

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG