Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хоҳем ё нахоҳем, нархи нерӯи барқ афзоиш меёбад"


Президенти Тоҷикистон гуфт, нархи ҳозираи истифода аз нерӯи барқ дар кишвар “ҳатто ба маоши корманди низоми барқӣ” намерасад ва барои ҳамин боло бурдани нархи барқ ногузир аст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабр дар паёмаш ба порлумон гуфт, аз ҳисоби поин будани нархи барқ “ширкати Барқи тоҷик банкрот шуда истодааст, Роғунро аз кадом ҳисоб бунёд меунем?”

Барои ҳамин, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “бо мурури замон хоҳем нахоҳем нархи барқро баланд хоҳем кард.”

Ҳоло сокинони Тоҷикистон барои ҳар киловат сокат нерӯи барқ тақрибан 27 дирам медиҳанд. Бар асоси қарори ҳукумат, аз 1-уми январи соли 2024 аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯи барқ 30,75 дирам хоҳад пардохт.

Президент аз он тавсиф кард, ки нархи барқ дар Тоҷикистон яке аз арзонтарин дар дунё аст. Чизе, ки мақомот қаблан ҳам гуфтаанд, аммо сокинон ва коршиносон мегӯянд, маош ва сатҳи даромад дар кишвар дар муқоиса ба давлатҳои дигар поин аст.

XS
SM
MD
LG