Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Як нишонаи боигарӣ"-и мардум дар Тоҷикистон "гум шудааст". ВИДЕО


Дандонҳои сирконий ва садаф ҷойи дандонҳои тилоро дар Тоҷикистон гирифтаанд. Чӣ гуна?

Шерзод Эргашов, сокини шаҳри Душанбе, барои нав кардани дандонҳояш метали сирконий интихоб кардааст. Мегӯяд, ки дандонҳои табиии худаш дигар дармон нашуданд.

Чаҳор сол пеш дандонҳои сунъии фарфор гузошта буд, ҳоло мехоҳад бо сирконий иваз кунад. "Пештар мардум тилоро дӯст медоштанд ва дандонҳои тилоӣ мекарданд. Ҳозир замона дигар шудааст. Дар замони мо сирконий муд шудааст, ҳама ин навъи дандонро меписанданд," -- афзуд ӯ.

Ба қавли пизишкон, дандонҳои садафу сирконий бештар дар миёни афроди то 45-сола маъмул гаштааст. Хусрав Пӯлодов, табиби дандон, гуфт, "ҳатто онҳое, ки дандонҳои солим доранд мехоҳанд бо сирконий иваз кунанд. Ҳарчанд ин хоҳиши онҳо дар аксари маврид рад карда мешавад."

Хусрав Пулодов
Хусрав Пулодов

"Масалан, блогерон мехоҳанд, ки дандонҳояшон сафед бошад. Ин раванд ҳам ҳаст, ки бештар винир мегузоранд. Дандонҳои солимро арра мекунем ва аз рӯяш онро мегузорем, ки ба дандони табиӣ наздик аст. Ба дандон зарар надорад ва сафеду зебо аст," -- шарҳ дод ӯ.

Аммо дандонҳои сафед барои ҳама дастрас нест. Ҳоло як дандони садафу сирконий вобаста ба сифат аз 500 то 1200 сомонӣ (муодили 50-100 доллари амрикоӣ) арзиш дорад.

Гурӯҳе вобаста ба вазъи молияшон мехоҳанд, дандонҳои арзони пластикии сафед монанд, ки аз 80 то 150 сомонӣ аст. Садафҳои сафеду зебо дар ҳоле муд мешаванд, ки чанд сол пеш дандони тило ҳам ҳамин гуна талабгорони зиёд дошт.

Мушоҳидаи мо дар хиёбонҳои Душанбе нишон дод, ки дигар дандонҳои тилову ҷилодори сокинон камтар ба назар мерасад. Доштани дандони тило дигар ба маъноии дороии хонаводаҳо нест.

Дандонпизишкон ҳам мегӯянд, ки мизоҷони дандони тило надоранд ва агар ҳам бошанд ё барои иваз кардани он ба дандонҳои сафед муроҷиат мекунанд ё барои табобат.

"Ин яке аз нишонаҳои бойигарӣ буд ё чизи дигар, аммо ба ақидаи ман кори дуруст набуд. Он дандонҳое, ки ҳамон солҳо монда буданд, ҳозир ҳамаашро ба дандонҳои хубу сафед иваз мекунем. Дандонҳои солимро гирифта, арра карда, аз руи ҳавас дандон мегузоштанд. Солҳои охир умуман нест," -- илова кард Хусрав Пӯлодов.

Ин дандонпизишк машварат медиҳад, ки беҳтар аст сокинон дандонҳои табиии худро эҳтиёт кунанд, то ниёз ба сунъӣ кардани онҳо намонад.

Иваз кардани дандони тило пас аз як интиқоди президенти Тоҷикистон шуруъ шуд. Пас аз ин, ниҳодҳои давлатӣ ба кормандонашон таъкид мекарданд, ки дигар дандони тило надошта бошанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чаро дандони тило дар Тоҷикистон дигар "муд" нест?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG