Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустам "Дунёи ош"-ро боз карданд. ВИДЕО


Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе дар расми ифтитоҳи "Дунёи ош" дар пойтахти Тоҷикистон.
Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе дар расми ифтитоҳи "Дунёи ош" дар пойтахти Тоҷикистон.

Дар шаҳри Душанбе ошхонаи азимеро бо номи “Дунёи ош” боз карданд, ки ба гуфтаи мақомот дар Осиёи Марказӣ мисли он вуҷуд надорад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки ошхонаи бузург дар яке аз кӯчаҳои сераҳолии Душанберо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ боз карданд.

Дар баёнияи расмии дафтари матбуот омадааст, ки ошхонаи азимро рӯзи 22-уми декабр боз карданд ва он “аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда... аз ҷиҳати тарҳ, имконоти хизматрасонӣ ва ороиши анъанаи фарҳанги қадимаи миллӣ дар Осиёи Миёна беназир мебошад.”

Дар расми ифтитоҳи ин ошхона, ки бештар аз 550 ҷойи нишаст дорад, дар як деги дутоннаӣ палав пухтаанд. Оши палав, яке аз ғизоҳои аслӣ ва хушмаззаи тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки соли 2016 ба феҳрасти беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО, Муассисаи илмӣ ва фарҳангии Созмони Милал шомил шудааст.

Боз кардани маркази азим дар замоне сурат мегирад, ки ҳукумати Тоҷикистонро барои ихтисос додани пули кам барои мактабу шифохонаву дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ва намоишкорӣ бо иншооти азим танқид мекунанд.

Дар Душанбе "Дунёи ош"-ро боз карданд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00

XS
SM
MD
LG