Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Рашт барои латукӯби бераҳмонаи 4 фарзандаш ҷазо гирифт


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Додгоҳи ноҳияи Рашт, як сокини ноҳия ва падари 14 фарзандро барои латукӯби бераҳмонаи чаҳор фарзандаш ҷаримаи бузурге баста ва амр додааст, ки 7 рӯзро паси панҷара сипарӣ кунад.

Дар баёнияи расмии додгоҳ, омадааст, ки сокини ин ноҳия, ки номашро ошкор накардаанд, чаҳор фарзанди ноболиғи худро «бо баҳонаи аз манзили истиқоматиаш гум шудани маблағҳояш суханони қабеҳ гуфта, мавриди лату кӯб қарор додааст.»

Ба қавли додраси муҳокима Абдуҳаким Холиқзода, падари бераҳм фарзандонашро ба ҳадде задааст, ки онҳо аз тарсу ваҳшат ва «бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз муносибати бераҳмонаи падар аз хона гурехта, ба хонаи хешовандонашон ба дигар деҳа рафтанд.»

Ба гуфтаи додрас, кӯдакон дар натиҷаи латукӯб ҷароҳатҳое бардоштаанд, ки барои муолиҷаи онҳо на камтар аз 21 рӯз лозим мешавад. Додгоҳ аз ин сокини ноҳия Д. Х ном бурда ва гуфтааст, ки ӯро барои ин рафтораш 7 рӯз дар ҳабс нигаҳ доштаанд ва падар зимни мурофиа ба гуноҳаш иқрор шудааст. Назари вакили дифои муттаҳам ба ҷиноят маълум нест. Муҳокима зоҳиран тирамоҳи имсол сурат гирифтааст.

Номбурдаро бо гуноҳи муносибати бераҳмона нисбат ба ноболиғ ҷазо ва амр додаанд, ки ба буҷаи давлат 11560 сомонӣ ҷарима супорад. Дар Тоҷикистон латукӯби наврасу кӯдак ҷиноят ба ҳисоб меравад ва мумкин аст, гунаҳкор бар асоси моддаи 174-уми Кодекси ҷиноӣ ё ҷаримаи бузург ва ё то ду сол ба зиндон маҳкум шавад.

Дар Тоҷикистон аз соли 2018 то 2022 ба зидди 63 нафар ба гумони ҷабру шиканҷаи кӯдакон парванда боз кардаанд. Аз ҷумла, 22 падару модар бар асоси ҳамин модда, яъне “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон” ҷазо гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG