Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модараш гуфт, Билол Қурбоналиев "дар Душанбе аст, вале дар боздоштгоҳ"


Билол Қурбоналие, узви "Гурӯҳи 24"
Билол Қурбоналие, узви "Гурӯҳи 24"

Билол Қурбоналиев, узви "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро, ки аз Олмон ихроҷ шуда буд, дар Душанбе дастгир кардаанд.

Модараш Хурсандой Ғуломова рӯзи 22-юми декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки "ӯ феълан дар Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст", вале иттиҳоми зидди ӯ ва шароити нигаҳдорияшро намедонанд.

Мақомоти Тоҷикистон расман дар ин бора иттилоъ надодаанд.

Намояндагони "Гурӯҳи 24" рӯзи 8-уми декабри имсол дар изҳороте гуфтанд, ки Вазорати муҳоҷирати Олмон 24-уми ноябр Билол Қурбоналиевро ба Тоҷикистон ронд. Тақрибан як моҳ боз дар куҷо будани ӯ маълум набуд.

Хурсандой Ғуломова, сокини шаҳри Сарбанди Хатлон ва модари Билол Қурбоналиев, рӯзи 22-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ду рӯз пеш падараш ба Боздоштгоҳи амният ба шаҳри Душанбе хӯрок бурд ва посбонҳо қабул карданд."

"Онҳо дар посух ба муроҷиати мо гуфтанд, ки Билол Қурбоналиев дар ҳаминҷо аст, иҷозатнома биёред, метавонед мулоқот кунед. Каме ором шудем. Сахт нигарон будем," – афзуд хонум Ғуломова.

Пайвандонаш мегӯянд, ҳанӯз барои Билол Қурбоналиев вакили мудофеъ киро накардаанд.

Ин узви "Гурӯҳи 24" пас аз ҷанги Русия бо Украина аз Киев ба Олмон кӯчид ва мақоми паноҳандагӣ надошт. Моҳи октябри имсол барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуд.

Ба гуфтаи намояндагони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24", вай дар тазоҳуроти мухолифон дар Берлин, ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон, иштирок дошт. Биноан, аз он бим доранд, ки дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву азияти мақомот ва ҳабси тӯлонӣ интизор аст.

Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2022 наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароиро аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ба Душанбе оварда, бархеро ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ кардаанд. Чанде пеш раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико ҳукумати Тоҷикистонро ба саркӯби мухолифон дар дохил ва беруни кишвар танқид карда, аз мақомо хост, ба ин кор поён диҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG