Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Дар паи ҳодисаи ҷароҳати таксирони тоҷик беш аз 80 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуд. ВИДЕО


Яке аз ходимони полисе, ки дар байни даъвои кормандони тоҷики бозор қарор дошт
Яке аз ходимони полисе, ки дар байни даъвои кормандони тоҷики бозор қарор дошт

Телеграм-канали Лайф нюс гуфт, дар паи ҳодиса дар бозори “Садовод” ва ҷароҳати ронандаи такси аз Тоҷикистон, беш аз 80 нафар  бо гумони “авбошии хурд” ва “вайрон кардани қоидаи муҳоҷират” ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Муҳоҷирони тоҷик ҳодисаро дигаргуна шарҳ медиҳанд.

Лайф нюс, ки бештар хабарҳои сохторҳои қудратии Русияро нашр мекунад, 16 декабр гуфт, ба як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми “хушунат нисбати намояндаи ҳукумат” ва “таҳқири намояндаи давлат” то 10 соли зиндон даҳдид мекунад. Нашрия ҷузъиёти зиёд намедиҳад, фақат мегӯяд, ки ҳодиса дар кӯчаи Верхние поля дар шаҳри Маскав рух додааст.

Дар ин кӯчаи ҷойгиршуда дар ҳудуди ноҳияи Капотняи Маскав бозори яклухтфурӯшии “Садовод” ҷойгир аст. Дар хабари мазкур дар бораи шаҳрвандии нафарони ба ҷавобгарӣ кашидашуда чизе гуфта намешавад, вале аз наворҳои видеоии қаблан дар шабакаҳо нашршуда ва ба дасти Радиои Озодирасида тахмин карда мешавад, ки бисёри онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Дар бозори "Садовод" чӣ ҳодиса рӯй дод? Назари муҳоҷирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Аз ҷумла, шоҳидони тоҷикистонии ин қазия мегӯянд, ки ҳодиса бо айби ходими полис рух дод, ки нисбати ронанда электрошокерро ба кор бурд.

Вале Лайф нюс қазияро комилан дигаргуна шарҳ дода мегӯяд: “беш аз 80 муҳоҷир ҳангоми боздошти ронанде, ки аз рӯи амри онҳо мошинро манъ накард, ба ходимони полис ҳамла карданд”. “Ронанда на танҳо ба полис итоат накард, балки як нафари онҳоро ҳам аз пушти мошин чанд метр кашола кард. Баъди чанд дақиқа вайронгар ходими полисро латукӯб кард”.

Шоҳидони айнӣ ва ҳам наворҳои видеоии дар ҷои ҳодиса нашршуда баёнгари онанд, ки издиҳоми мардум танҳо аз ходимони полис рафтори одилона ва мутобиқ ба қонунро талаб кардаанд.

Дар идома ин расона иддао кадааст, ки дар “ҳангоми боздошти ин мард ӯ дучори саръ (эпилептический припадок) шуд ва ходимони полис талош карданд ба ӯ ёрӣ расонанд”, вале дар ҳамин ҳол “издиҳоми беш аз 80-нафарии мардон омада ходимони полисро тела дод. Полис маҷбур шуд ба ҳаво ду тир холӣ карда издиҳомро ором кард. Касе осеб надидааст”. Дар паи ин ҳодиса 82 нафарро боздошт кардаанд.

Шоҳидони ҳодиса чӣ мегӯянд?

Дар паи як ҳамлаи ходимони полис ба ронандаи таксие аз Тоҷикистон дар бозори “Садовод”-и Маскав, як марди тоҷик маҷрӯҳ шуда ба бемористон интиқол ёфтааст. Сарнавишти баъдии ин таксирон феълан маълум нест.

Ба иттилои як шоҳиди ҳодиса, ки сабти видеоии баҳсу даъвои кормандони тоҷикистонии бозорро бо ходимони полиси Маскав ба Радиои Озодӣ фиристод, ҳодиса 15 декабр рух додааст. Ба гуфтаи ин корбар, ки нахост номаш нашр шавад, “дирӯз кормандони полис хостанд як таксирони тоҷикро манъ кунанд. Аммо ӯ мошинро манъ накарда рафт. Вале ба ҳар ҳол ба онҳо муяссар шуд, ки мошинро базӯр манъ кунанд, яке аз ходимони полис таксиронро бо электрошокер беҳуш кард. Вақте тоҷикон ин ҳолатро дида ҷанҷол бардоштанд, онҳо нерӯҳои иловагиро даъват карданд”.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, таксирони тоҷик чанд соат беҳуш буд ва ӯро ба беморхона бурданд. Ба гуфтаи ин шоҳиди ҳодиса, ба бозор ходимони идораи полиси ноҳияи Капотня омаданд, ки ба гуфтааш, бо раҳбарияти бозори “Садовод” додугирифти ғайрирасмӣ доранд.

Ба занги телефонии Радиои Озодӣ навбатдори идораи полиси ноҳияи Капотня гуфт, “агар ба ин қазия рабте доред, шахсан ба идора биёед” ва “агар аз матбуот ҳастед, аслан маълумот намедиҳем”.

Дар навори видеоие, ки корбарон фиристоданд, шунида мешавад, ки кормандони тоҷики бозор даъват мекунанд, ки сафорати Тоҷикистон дар ин бора огоҳонида шавад. Маълум нест оё кормандони сафорати Тоҷикистон бо ин қазия ошно ҳастанд ё на. Талоши Радиои Озодӣ барои пайдо кардани кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 16 декабр бенатиҷа буд. Касе ба телефонҳои расмии намояндагии дипломатии Тоҷикистонро дар Русия ҷавоб надод.

“Садовод” яке аз калонтарин бозорҳои канораҳои шаҳри Маскав аст ва дар баробари дигар муҳоҷирон, шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар ин ҷо кор мекунанд. Ҳолатҳои фишороварӣ ва рафтори ғайриқонунӣ нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин бозор дар гузашта ҳам ҷой доштааст.

Моҳи август пулис 60 муҳоҷиру донишҷӯи тоҷикро дар ҳамин бозор боздошт карда буд. Он замон муҳоҷирон гуфтанд, сабаби боздошташон маълум нест, ҳарчанд санадҳои аксарият дуруст ва мутобиқ ба қонун таҳия шудааст. Бисёр вақт чунин ҳодисаҳо бо тамаъкории полис меанҷомад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG