Ҳулия Йилдерим зане аз шаҳри Ғозиёнтеппаи Туркия барои арӯсии ду духтараш омодагӣ мегирад. Коре, ки бояд аз қалб анҷом диҳад, ин дӯхтани дастмолу дастурхон, рӯймолу пойпӯш ва кифҳои гулдӯзӣ барои онҳо аст.
Гулдӯзиҳои ин зан яке аз ҳунарҳои мардумии қадима буда як анъанаест, ки бояд ҳар модар қабл аз издивоҷи духтараш онро омода ва дар сандуқи арӯсии ӯ гузорад.
«Мо аз хурдӣ медидем, ки чӣ гуна модаронамон барои духтарон дарздӯзӣ мекарданд. Ман аз аввал он қадар зиёд намедӯхтам. Аммо ҳозир корам зиёдтар шудааст, зеро духтаронам бузург шуда оиладор мешаванд, ба онҳо ҳамчун ҷиҳози арӯсӣ туҳфа мекунам. Барои ман низ модарам дӯхта буд», - нақл кард ин зан.
Чунин ҳунари қадимӣ дар бархе манотиқи Тоҷикистон ҳам ҳифз шуда гулдӯзиву зардузии занони ҳунарманд манзили наварӯсонро оро медиҳанд. Ин ҳунари қадимӣ аз модарон ба духтаронашон ба мерос гузошта мешавад.
Анъанае, ки дар шаҳри Ғозиёнтеппаи Туркия низ роиҷ будааст. Дар инҷо низ занон аксаран ҷиҳози арӯсии духтаронашро худ таҳия мекунанд ва, ба қавли худашон, ҳангоми таҳияи он ба духтаронашон бахти сафед талаб мекунанд.
Ҳулия Йилдерим, зани ҳунарманде аз Ғозиёнтеппа гуфт: «Ҳама ин корро мекунанд ва касе намехоҳад чизеро тағйир диҳанд. Ин аз замони императории Усмонӣ боқӣ мондааст. Шояд ҷиҳозе, ки он вақт меоварданд, каме тағйир ёфтааст, аммо дигар ҳама анъанаҳо боқӣ мондааст. Масалан, солҳои қаблӣ ин чиз ҳатмӣ буд, аммо феълан вазъи молиро ҳам ба инобат мегиранд. Дар он солҳо ин чиз ҳатмӣ буд. Ин дастидӯзҳо ҳамчун ҷиҳози ҳатмии арусӣ бурда мешуд».
Бо гузашти замон ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла чунин гулдӯзиҳо ҳам омехта ба муди замонавӣ ва ба шакли муосир дӯхта мешаванд. Барои зинда нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ дар Ғозиёнтеппа мақомоти маҳаллӣ ҳам ба занон кӯмак мекардаанд.
«Ҳукумат инҷо барои занону духтарон ройгон духтану пухтанро меомӯзад. Масалан, шумо меравед ва курсҳои махсусро мегузаред. Яъне ягон баҳона надоред, ки аз ин кор балад нестам. Ин албатта ба хоҳиши шумо бастагӣ дорад», - нақл кард ӯ.
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба гуфтаи сокинони Ғозиёнтеппа хоси минтақаҳоест, ки аз пойтахт дуртар зиндагӣ мекунанд ва барои ҳифзи ҳунару фарҳанги гузаштагон талоши бештар доранд.
Ҳулия мегӯяд, шояд чунин дастидӯзиҳо барои доимӣ дар зиндагии лозим намешавад, вале аз ин роҳ мехоҳанд анъанаҳои мардумиву қадимияшонро барои наслҳои оянда ба мерос гузоранд.
Гуфтугӯ