Чанде пеш ба эҳтироми ягона ҷанговаре, ки аз ҳисоби афсарони эҳтиётии «Сипари Ваҳдат» дар шаҳри Исфара ҳалок шуда буд, мактаберо номгузорӣ карданд.
Гурӯҳе аз афсарони эҳтиётии ташкилоти ҷамъиятии «Сипари Ваҳдат», ки шурӯъ аз ҳимояи сохти Конститутсионии Тоҷикистон ва чандин даргириҳои марзӣ дар як саф ҷангидаанд, ба гиромидошти хотираи яке аз ҳамсафони ҳалокшудаашон дар назди санги ёдбудаш ҷамъ омадаанд. Бо пешниҳоди ҳамин ташкилот ва бо ризоияти мақомоти маҳалливу вакилони мардумӣ мактаби рақами 13-и деҳаи Офтобрӯя, ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара ба номи Орифҷон Тоҷиддинов гузошта шуд.
Абдураҳмон Тӯраев, ҳуқуқшиноси ташкилоти «Сипари Ваҳдат» гуфт: “Тоҷиддинов Орифҷон Шарифович як марди ватандӯсту ҷасуру хоксор буд. Вай тайёрии худро ҳангоми хизмат дар сафи қушунҳои вазорати корҳои дохилӣ дар солҳои вазнини кишвар дидаву гузашта буд. Албатта, ҳамчун сарбози болаёқату таҷрибадори ватан якчанд маротиба дар тирпарониҳо фаъолона иштирок карда намунаи ибрат барои ҷавонон буд”.
«Сипари Ваҳдат» дар Исфара ҳудуди 200 узв дорад. Аъзои ин созмон мегӯянд, онҳо ҳамчун афсарони эҳтиётӣ ҳамеша дар ҳолати омодабошанд ва тақрибан дар ҳамаи даргириҳои марзӣ иштирок кардаву размдидаанд.
Орифҷон Тоҷиддинов дар муноқишаи моҳи сентябри соли 2022 байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳалокат расидааст. Намозбой Нозиров дар рӯзи ҳалокати ҳамсафаш ҳамроҳ будаву шоҳиди ҳодиса гардидааст.
Намозбой Нозиров гуфт: “Рӯзи 16-уми сентябр ба мо бонги хатар шуд ва мо ҳама ба кӯҳ баромада рафтем. Ман роҳбари дастаи таъинот будам. Аз онҷо мо як асирро гирифта оварда супоридем. Боз ҳамроҳи Орифҷон гашта ба майдони ҷанг рафта истода будем, ки Орифҷон гуфт, як нафари гурехтаро қапида меорам. Ҳамин замон чизе шуду садояш баланд шуд, тамом. Дигараш дар хотирам нест. Ман давида рафта истода будам, ки аз чор тараф ба сӯям тир омад. Аз поям чор тир хӯрдам”.
Орифҷон Тоҷиддинови 47-сола зодаи шаҳри Исфара ва падари ду фарзанд буд. Вай аз соли 1992 то 1994 дар қушунҳои ВКД адои хидмат карда, соли 2014 узви «Сипари Ваҳдат» гаштааст. Аммо пайвандонаш мегӯянд, зиндагиаш ба сахтӣ пеш мерафт ва Орифҷон барои дарёфти рӯзӣ бо корҳои пурзаҳмат машғул буд.
Умедҷон Тоҷиддинов, писари Орифҷон Тоҷиддинов мегӯяд: “Падарам аслан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта меомаданд. Чунки хоҳарам ҳоло шавҳар накарда буд, барои ӯро хонадор кардан рафта меомаданд. Баъди охирин бор аз Русия омаданашон ҳамроҳи ман қариб панҷ моҳ устогӣ карданд ва бо ҳамин кор ризқу рӯзиамонро меёфтем. Вақте ин ҷанг сар шуд, рафтанду шаҳид гардиданд”.
Ин аввалин бор нест, ки ба номи ҳалокшудагони даргирии марзӣ мактаб ё таълимгоҳеро дар Тоҷикистон номгузорӣ мекунад. Чанд муассисаи таълимӣ дар Исфара ва дигар навоҳии кишвар номи онҳоро доранд. Ҳамчунин кӯчаву хиёбонҳоеро ҳам ба номи ҷанговарон ва ё иштирокчиёни муноқишаҳои марзӣ гузоштаанд. Ҳамакнун гурӯҳе аз сокинону афсарони собиқ мехоҳанд, ба хотири қаҳрамонон санг ва ё лавҳа бо номи ҳалокшудагон ҳаккокӣ гардад.
Гуфтугӯ