Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Тоҷикистону Қирғизистон бар сари 47 километри дигар


Нишасти гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон аз 8 то 14-уми декабр дар Бодканд гузашт
Нишасти гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон аз 8 то 14-уми декабр дар Бодканд гузашт

Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари таъйини беш аз 47 километри дигари сарҳад розӣ шудаанд.

Дар ин бора Девони вазирони Қирғизистон рӯзи 14-уми декабр иттилоъ дод. Хабаргузории расмии “Ховар” аз қавли Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ айни гапро навишт.

Ба иттилои ҳарду манбаъ, созиш дар нишасти гурӯҳҳои топографӣ ё маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон ба даст омадааст. Нишаст аз 8 то 14-уми декабр дар шаҳри Бодканд гузашт.

Ҷонибҳо хабар додаанд, ки мулоқот “дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ” баргузор шуд ва протокол ҳам имзо карданд, вале ҷузъиёт надодаанд. Маълум нест, сарнавишти кадом қитъаҳои баҳсӣ ҳал шудааст ва ба чӣ шарт.

Мулоқоти оянда дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад ва то ин дам зиёда аз 600 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст. Номуайян мондани бахшҳое аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мардуму низомиён мешавад.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои ӯ аз Қирғизистон Қамчибек Тошиев рӯзи 12-уми декабр гуфтанд, ки барои кашидани зиёда аз 90 дарсади хати марз ба мувофиқа расиданд.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон 11-уми декабр гуфт, ки масъаларо то баҳори соли 2024 ҳаллу фасл хоҳанд кард. Душанбе ҳеч вақт санаи мушаххасро ба забон наовардааст.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ду соли гузашта шоҳиди муноқишаи хунин ва пурқурбонӣ буд. Даъво бар сари дастрасӣ ба замину чарогоҳҳо, роҳу обу манобеи дигар аст.

Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст, Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам бисёр ночиз шудааст.

XS
SM
MD
LG