Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ятимов ва Тошиев як рӯз баъд аз изҳороти президенти Қирғизистон


Содир Ҷабборов (Жапаров)
Содир Ҷабборов (Жапаров)

Пас аз як рӯзи изҳороти президенти Қирғизистон дар бораи тақрибан ниҳоӣ шудани ҳалли масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон раҳбарони ҳайатҳои давлатии ду кишвар дар Бодканд гап задаанд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, мулоқоти зери раҳбарии Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев рӯзи 12-уми декабр "дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ" гузашт.

“Натиҷаҳои кори гурӯҳҳои топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар бораи муайян ва аломатгузории сарҳад дар соли 2023 баррасӣ карданд,” – навишт хабаргузории давлатии "Ховар". Иттилои ба ҳамин монандро ҷониби Қирғизистон нашр кард.

Қамчибек Тошиев ва Саймуъмин Ятимов. Бодканд, 12-уми декабри 2023
Қамчибек Тошиев ва Саймуъмин Ятимов. Бодканд, 12-уми декабри 2023

Дар хабарҳои расмӣ гуфта шудааст, ки “дар бораи тақвияти корҳо барои таъйини қитъаҳои боқимондаи сарҳад супоришҳои мушаххас доданд”, аммо ҷузъиёти онро наовардаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 11-уми декабр раиси ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар мулоқот бо сокинони Бодканд гуфт, душвории вобаста ба сарҳад бо Тоҷикистон дар остонаи тамомшавист ва эҳтимол дар баҳори баҳори соли 2024 ҳал шавад. Тарафи Тоҷикистон дар ин маврид ҳеч гоҳ санаи мушаххасеро пеш наовардааст.

“Бовар доштем, ки масъала то Соли Нав ба охир мерасад, аммо андаке дер шуд. Шояд баҳори соли оянда ба охир бирасад. Мо талош дорем, масъалаи сарҳадро бо роҳи дипломатӣ ҳал кунем. Кумисюни байниҳукуматӣ дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марз низ пайваста кор мекунад”, -- гуфтааст Содир Ҷабборов.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад ва қисме аз он таъйину нишонагузорӣ шудааст.

Гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон аз моҳи октябри имсол то аввали моҳи декабр дар умум бар сари таъйини тақрибан сад километри дигари сарҳад розӣ шудаанд. Он чи мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон намегӯянд ва мояи ташвиши баъзе аз сокинони наздимарзӣ низ шудааст, ин аст, ки созиши ҷонибҳо кадом қитъаи баҳсии сарҳадро дар бар мегирад.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ду соли гузашта шоҳиди муноқишаи хунин ва пурқурбонӣ буд. Даъво бар сари дастрасӣ ба замину чарогоҳҳо, роҳу обу манобеи дигар аст.

Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст, Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам бисёр ночиз шудааст.

XS
SM
MD
LG