Як ронандаи таксӣ барои душном додани мусофир аз кор ронда шуда, ронандаи дигар барои худсарона тағйир додани хатсайр товон супурд. Онҳое, ки аз нақлиёти ҷамъиятии Душанбе истифода мебаранд, борҳо шоҳиди баҳсу даъвои ронандагон ва мусофирон шудаанд ва аз вокуниши мақомот ба ин рӯйдодҳо истиқбол мекунанд. Ронандаҳо мегӯянд, гуноҳ аз ду ҷониб аст.
Даъво ва душномдиҳӣ барои чӣ?
Рӯзи 27-уми ноябр наворе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он як ронандаи таксӣ мусофирро душном додааст. Мусофир гуфт, ронанда нахост ӯро бо халтаҳояш ба мошин савор кунад. Баъд аз пахши навор ронанда Зариф Маҳмаднуров аз ширкати “Рахш таксӣ" ронда шуд. Илова бар ин пулиси Душанбе ӯро барои дағалгуфторӣ 680 сомонӣ ҷарима баст.
Назари Зариф Маҳмаднуров маълум нест. Дақиқ нест, ки мусофир ба ӯ чи гуфт ва чаро ӯ чунин тунд посух дод. Дар ширкати "Рахш таксӣ" на масъаларо шарҳ доданд ва на рақами телефони ронандаро доданд, то бо ӯ суҳбат кунем.
Ин ягона даъво миёни мусофирон ва ронандагони нақлиёти иҷтимоии Душанбе нест. "Душанбенақлиётхадамотрасон", идораи нозир ба бахши нақлиёти иҷтимоии пойтахт, тақрибан ҳар ҳафта аз муҷозоти ронандагони таксӣ ё автобус хабар медиҳад. Барои ин кор аксар вақт ронандагонро товон (ҷарима) мекунанд ё барои чанд рӯз аз кор маҳрум мекунанд.
"Ҳамин хел гап мезананд, ки гуё қарздорӣ"
Азамат Раҳмонов се сол боз таксӣ меронад ва бо мусофирони гуногун рӯбарӯ мешавад. Мегӯяд, набояд айбро фақат дар ронандагон ҷуст. Ин ронанда мегӯяд, баъзе аз мусофирон бо пойафзоли чиркин вориди нақлиёт мешаванд ё дар дохили мошин ягон чиз хӯрда, курсиро ифлос мекунанд.
“Баъзе аз мусофироне ҳастанд, ки пояшонро дар болои “тарпеда”-и мошин мемонанд ё аз тиреза берун мекунанд. Баъзеаш мешинад бӯйи сигор ё арақ мекунад. Бархе гуё як моҳ ҳаммом накарда бошад. Боз як намуд гап мезанад, ки гуё ту аз вай қарздорӣ,” -- шиква мекунад Азамат Раҳмонов.
Ин ронанда пешниҳод дорад, ки дар ҳама нақлиёти иҷтимоӣ бояд камера ё видео-регистратор гузошта шавад. Чун, ба гуфтаи ӯ, баъзе аз мусофирон фақат душномҳои ронандаро сабт ва ӯро гунаҳкор мекунанд.
Мусофирон чӣ мегӯянд?
Аммо мусофирон назари дигар доранд. Таймия, як сокини Душанбе мегӯяд, борҳо бар сари зиёд гирифтани ҳаққи роҳкиро ё чизи дигар бо ронандагон баҳсу даъво дошт. “Душном мекунанд, баъд ман ҳам хомӯш намеистам. Айби мусофирон нест, ронандаҳо баъзеашон дағалона рафтор мекунанд," -- афзуд ин сокини Душанбе.
Насиба Муродова, сокини дигари пойтахт, бо ронандагони нақлиёти иҷтимоӣ бар сари зиёд гирифтани мусофирон ҷанҷол кардааст. Муродова дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ронандаҳо мегӯянд, ки намефорад фаро ба таксӣ нишаста рав. Баъд шумо чӣ ҷавоб медиҳед, ҷанг мешавем.”
Роҳи ҳал чист?
Дар Душанбе садҳо автобус ва таксӣ ба мардум хидмат мерасонанд. Танҳо таксиҳо қариб 6 ҳазор ҳастанд. Бар асоси талаботи баъзе аз ширкатҳо, ба ин бахш шахсоне ба кор қабул мешаванд, ки таҷрибаи на кам аз се соли ронандагӣ дошта бошанд.
Ба ронандагон дарс медодаанд, ки бо мизоҷон чӣ гуна бояд муомила кунанд. Аммо сарфи назар аз ин, шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз навори даъвои мусофирон ва ронандагон аст.
Руслан Сарбоззода солҳо боз дар бахши нақлиёти иҷтимоии Душанбе кор мекунад ва борҳо шоҳиди баҳсу даъвои ронандагон ва мусофирон шудааст. Мегӯяд, бисёре аз баҳсҳо бар сари масъалаҳои хурд ба мисли хӯрок, ба ин тарафи роҳ нагузаштан ё дарро сахт пӯшидан сар мезанад.
Ин корманди ширкати "Як таксӣ" роҳи ҳалро чунин мебинад: "Аввал ҳар як инсон бояд ҳурмати худро донад. Чӣ ронанда ва чӣ мизоҷ асабӣ нашаванд. Дунё бо асабӣ шудану бо дағалонаву бо қаҳру шикаҷа пеш намеравад. Ҳар як инсон аз худ сар карда муомилаи нек кунад. Ҳам мизоҷ ва ҳам ронанда фарди ҷомеа ҳастанд, ягон кас инсони ғайриодӣ нест, ки ба ҳама чиз тоқат кунад."
Мусофирон орзу доранд, ки талабот аз ронандагон ва пулчинҳо дар нақлиёти иҷтимоии Душанбе сахттар шавад ва шахсони тасодуфӣ ба ин бахш роҳ наёбанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ