Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон Маҳмадбеков аз Токио бе медал бармегардад


Сомон Маҳмадбеков дар гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонӣ пирӯз шудааст.
Сомон Маҳмадбеков дар гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонӣ пирӯз шудааст.

Сомон Маҳмадбеов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Tokyo Grand Slam 2023), ки имрӯз, 2-юми декабр, дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио – доир гардид, мақоми панҷумро касб кард.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, “Тоскулоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 506 варзишгар (298 мард ва 208 зан) аз 84 кишвари панҷ қитъаи олам тӯли ду рӯз идома меёбад.

Рақобатҳо дар 14 вазн (7 вазн миёни занон ва 7 вазн байни мардон) сурат мегирад. Дар рӯзи аввали ин мусобиқаи байналмилалӣ - 2-юми декабр, ки дар ватани ҷудо баргузор шуд, варзишгарон барои медалҳо дар се вазн миёни занон (-57, -63, -70 кг) ва дар се вазн байни мардон (-73, -81, -90 кг) мубориза бурданд.

Дар рӯзи аввали рақобатҳо панҷ варзишгари тоҷик - Абубакр Шеров (-73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) - дар сабқати мардон ҳунарнамоӣ карданд.

Аз байни онҳо танҳо Сомон Маҳмадбеков натиҷаи хубтар нишон дод. Ин паҳлавони 24-солаи тоҷик, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Кайто Аманои ҷопониро шикаст дод.

Дар даври сеюм рақиби Сомон паҳлавони номдори австриягӣ Вачид Борчашвили буд. Тақдири рақобатро дар вақти тиллоӣ як имтиёзи вазарӣ ба суди паҳлавони тоҷик ҳал намуд.

Сомон дар даври чорякниҳоӣ дар як рақобати сахт дар замони тиллоӣ муқобили Давид Карапетян аз дастаи бетараф (AIN) дастболо шуда, ба нимфинал баромад.

Маҳмадбеков дар даври ниманиҳоӣ бо се огоҳӣ аз Маттиас Кассеи белгиягӣ ноком шуд ва сипас дар рақобат барои медали биринҷӣ аз Зелим Тскаеи озарбойҷонӣ ҳам бо се огоҳӣ мағлуб шуда, мақоми панҷумро касб кард.

Баъди натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Ҷопон бо касби 4 нишон (2 тилло ва 2 нуқра) дар мақоми аввал аст.

Дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, Канада ва Озарбойҷон бо касби 2 нишон (1 тилло ва 1 биринҷӣ) мутаносибан дар зинаҳои дуюм, сеюм ва чаҳорум қарор доранд.

Тоҷикистон бо як мақоми панҷум дар байни 84 даста дар зинаи 16-ум ҷойгир шудааст.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 3-юми декабр – занон дар чаҳор вазн (-48, -52, -78,+78 кг) ва мардон низ дар чаҳор вазн (-60, -66, -100, +100 кг) рақобат мекунанд.

Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон боз панҷ нафар – Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомали Нуралӣ (-66 кг), Обид Ҷебов(-66 кг) ва Эмомризо Анварзода (-100 кг) – вориди рақобат мешаванд.

Рақибони гуштигирони тоҷик дар Tokyo Grand Slam-2023 :

Вазни -60 кг:

Даври 1-ум: Меҳрзод Суфиев – Накамура Таики (Ҷопон)

Даври 1-ум: Муҳаммадсолеҳ Қувватов - Симоне Аверса (Италия)

Вазни -66 кг:

Даври 1-ум : Эмомалӣ Нуралӣ – Комрон Сулаймонов (Озарбойҷон)

Даври 1-ум: Обид Ҷебов – Фабио Базил (Италия)

Вазни -100 кг:

Даври 1-ум: Эмомризо Анварзода - Бузакарини Рафаэл (Бразилия)

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евро муқаррар шудааст. Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ супурда мешавад:

барои ҷойи 1-ум: 5000 евро (варзишгар: 4000 евро, мураббӣ - 1000 евро)

барои ҷойи 2-юм: 3000 евро (варзишгар: 2400 евро, мураббӣ - 600 евро)

барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ (варзишгар: 1200 евро, мураббӣ – 300 евро).

Ҳамчунин, варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд.

Гуштигироне, ки медали тило ба даст меоранд 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз мегиранд.

Онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260 имтиёз мешаванд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи соли гузашгта Tokyo Grand Slam 2022 ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) дохил буданд, ки ҳарсе бе медал монданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG