Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар занозание бо ҳузури писари Шералӣ Гул чор кас маҷрӯҳ шудааст


Дар занозание миёни Алишер Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири собиқи саноат ва энергетика ва Шердил Сироҷов, писари соҳибкор ва молики бозори собиқи “Ҷал-Ҷам” панҷ нафар аз ду тараф маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳодиса тақрибан соати 3-и субҳи 30-уми ноябр дар маркази дилхушии “Бухоро палас” дар Душанбе рух додааст.

Ду манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Душанбе рӯзи 1-уми декабр гуфтанд, ки ҳарду тараф сархуш будаанд ва ҳанӯз маълум нест, ки занозанӣ бо айби кӣ оғоз шудааст.

“Ҳодисаро ШВКД-и Исмоили Сомонӣ таҳқиқ дорад ва эҳтимол бо дахолати тарафҳо, ки соҳибнуфузанд, он дуруст таҳқиқ нашавад,”—гуфт як манбаи Радиои Озодӣ, ки нахост номаш зикр шавад.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, чор тан аз захмиён, ки ду тан аз дӯстони Алишер Гулов ва Шердил Сироҷов бо як рафиқаш будааст, ба бемористони Қарияи Болои Душанбе интиқол ёфтаанд. Ду ҷониб аз корду оҳан дар занозанӣ истифода бурдаанд.

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Алишер Гулов корманди Қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон будааст.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаро шарҳ надоданд.

Шердил Сироҷов, ки дар бемористони Қарияи Боло бистарист, рӯзи 1-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кард, вале гуфт, гуноҳ надорад. "Рафта камераҳоро бинед, айби онҳо шудааст, агар камераҳоро бинед, худатон ҳамаашро мефаҳмед. Мо ду кас будем, онҳо 12-13 нафар,”—гуфт ӯ.

Шердил Сироҷов дар бораи сабабҳои эҳтимолии занозанӣ гуфт, Алишер Гулов “нисбати ман хусумат дошт, барои ҳамин бисёрӣ шуда, моро заданд."

Шердил Сироҷов аз суҳбати бештар худдорӣ кард ва ҷузъиётро шарҳ надод. Наздикони ӯ гуфтанд, “ҳеч даъвое надоранд.”

Талошҳои мо барои тамос бо хонаводаи Алишер Гулов натиҷа надод. Ба зангҳои мо падар ва модари ӯ ҷавоб надоданд.

Шоҳидон гуфтанд, ки дар назди “Душанбе палас” субҳи 30-уми ноябр кормандони пулисро дидаанд. Оҳанҳои зинапояи даромадгоҳи ин бино шикаста буд.

Як пизишки Қарияи Боло бидуни зикри номаш гуфт, субҳи 30-уми ноябр Шердил ва дӯсташ Мирсаидро бо захмҳо дар сару танаш ба инҷо оварда буданд.

Борҳо бо иштироки писарони Шералӣ Гул, мансабдори собиқ ва қудои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон занозанӣ рух додааст. Диловар Гулов, писари дигари ӯ дар панҷ соли ахир дастикам се бор бо иттиҳоми “авбошӣ” боздошт шуда буд, вале бо ҷарима ё ҷазои сабук раҳо гаштааст. Наздиконаш ҳамеша ӯро бегуноҳ медонистанд.

Пулиси Душанбе, ки аз оддитарин ҳуқуқвайронкунӣ дар шаҳр хабар медиҳад, ҷанҷоли писарони мансабдорон ва афроди бонуфузро шарҳ намедиҳад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG