Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сӯхтор дар бозорҳои калони Русия. 2 ВИДЕО


Сӯхтор дар "Темерник"
Сӯхтор дар "Темерник"
Дар давоми камтар аз 24 соати гузашта дар Русия ду сӯхтори азиме бозорҳои калони ин кишварро осеб расонид. Сӯхтори аввал шоми 30 ноябр дар бозори либоси "Темерник"-и шаҳри Ростови лаби Дон сар зада то соати 6-и субҳ давом кард; сӯхтори дигар субҳи 1 декабр дар бозори "Садовод"-и Маскав рух дод.
Сабаби ин ду сӯхтор феълан маълум нест. Сӯхторнишонҳо ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуданд.
Иттилое дар бораи талаҷоти ҷонӣ нест, бархе расонаҳо аз ҷароҳати як нафар дар Ростови лаби Дон хабар медиҳанд.
Бозорҳо макони кори ҳазорҳо нафар, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик мебошад.
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон ва ҳам корбарони Радиои Озодӣ, ки навори сӯхторро дар ин бозорҳо фиристоданд, ҳеҷ нафаре аз миёни шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд.
Сӯхтор дар "Темерник" беш аз нӯҳ соат идома карда, аланга масоҳати то 4 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт.

Яке аз корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани навор аз макони ҳодиса гуфт, дар ин бозор муҳоҷирони зиёди тоҷик аз ҳисоби фурӯши либосворӣ ва мардикорӣ рӯзгорашонро пеш мебурданд.
Дар наворҳо низ дида мешавад, ки тоҷирон талош доранд, молашонро аз дӯконҳояшон наҷот бидиҳанд. Яке аз фарзияҳо ин аст, ки бозор барқасдона оташ зада шудааст. Ҳаҷми хисороти расида аз он, ҳанӯз эълон нашудааст.
Имрӯз дар бозори "Садовод" аз калонтарин бозори Маскав, ки 9,5 ҳазор дукон дорад, сӯхтор сар зад. Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, дар сӯхтор моли муҳоҷирони тоҷикистонӣ ҳам ба коми оташ рафтааст, аммо ягон шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат набардоштааст.

XS
SM
MD
LG