Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини ҷазои сахттар барои паҳни маводи порнографӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҷазо барои ғайриқонунӣ тайёр ё паҳн кардани маводи порнографӣ дар Тоҷикистон пурзӯр карда шуд. Чунин тағйирот ба Кодекси ҷиноиро 13-уми ноябр президент Эмомалӣ Раҳмон имзо карда, Радиои Озодӣ 30-юми ноябр бо муҳтавои он шинос шуд.

То ин вақт барои ғайриқонунӣ тайёр кардан, намоиши оммавӣ ва таблиғи маводи фаҳшомез, Кодекси ҷиноӣ аз 13 то 24 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то ду соли зиндонро пешбинӣ мекард. Бар асоси қонуни нав, акнун барои тайёр ё намоиши чунин мавод аз 27 то 54 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то чор соли зиндон ҷазо таин карда мешавад.

Тағйироти дигар ин аст, ки агар то ин дам барои паҳн кардани маводи порнографӣ дар миёни ноболиғон аз ду то панҷ соли зиндон ҷазо медоданд, акнун барои ин кор аз чор то шаш сол ба маҳбас мефиристанд.

Ҷазо барои паҳн кардани маводи фаҳшомез аз ҷониби гуруҳи шахсон ё ба воситаи интернет қаблан аз панҷ то ҳашт соли зиндон буд. Акнун барои ин кор аз шаш то даҳ сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки сабаби пурзӯр кардани ҷазо барои паҳн кардани маводи фаҳшомез дар чист. Дар солҳои ахир баъзе духтарон аз он шикоят доштанд, ки шахсони ношинос навор ва аксҳои маҳрамонаи онҳоро ғайриқонунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд.

Се сол пеш як фаъоли ҷамъиятии зан ҳам ба мақомот шикоят кард, ки навори маҳрамонаи ӯ бо як мардро ғайрйиқонунӣ дар интернет паҳн карданд. Аммо мақомот барои ин кор касеро ҷазо надоданд.

Дар гузашта чандин навори маҳрамона, бахусус рӯҳониён, ба интернет роҳ ёфта буд. Вале мақомот ҳеч вақт ошкор накардаанд, он наворҳоро кӣ сабт карда ва дар шабакаи ҷаҳонӣ гузоштааст.

XS
SM
MD
LG