Маҷид Ансорӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Қатар, шаби 27-уми ноябр дар шабакаи Х (Твиттери пешин) хабар дод, ки умедворӣ вуҷуд дорад, ки мумкин аст оташбаси дарозмуддат дар ҷанги хунини Ғазза барқарор шавад.
Қатар дар канори Миср ва Амрико дар гуфтугӯҳо миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" нақши миёнравро иҷро мекунад.
Пас аз эълони ин хабар, "Ҳамос" низ тасдиқ кард, ки шартҳои оташбасро пазируфтааст. Исроил гуфтааст, дар ивази озодии ҳар даҳ гаравгони исроилӣ оташбасро барои як рӯз дигар дароз мекунад.
Оташбаси қаблӣ рӯзи 24-уми ноябр ба муддати чаҳор рӯз эълон шуда буд ва рӯзи душанбе ба поён расид. Дар ин муддат ду тараф даҳҳо гаравгон ва асирро озод карданд.
Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ, тамдиди оташбасро байни Исроил ва "Ҳамос" "шуълаи умед" хонд, вале ҳамзамон ҳушдор дод, ки ин муддат барои фиристодани ёриҳои башарӣ ба Ғазза кофӣ нест.
Сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи 27-уми ноябр эълон кард, ки ҳукумати Амрико аз тамдиди дурӯзаи ҷанг миёни Исроил ва "Ҳамос" истиқбол мекунад ва алоқаманд аст, ки оташбас идомадор бошад. Ҷон Кирби айни замон гуфт, тамдиди дарозмуддати оташбас ба он вобастагӣ дорад, ки "Ҳамос" озод кардани гаравгонҳоро идома диҳад.
Гурӯҳи "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябр бо ҳамла ба шаҳрҳо ва шаҳракҳои исроилӣ дастикам 1200 исроилиро кушт ва 240 нафарро рабуд ва ба Ғазза бурд.
Ҷанг миёни ҷонибҳо аз он замон то рӯзи 24-уми ноябр идома дошт. Ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ, дар ин муддат бар асари ҳамлаҳои Исроил беш аз 14 ҳазор нафар дар Ғазза кушта шуданд, ки бештари онҳо кӯдакон ва занон мебошанд.
*Гуруҳи "Ҳамос" аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст
Гуфтугӯ