Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Байден аз раҳоии духтари чорсола дар Ғазза. ВИДЕО


Исроил, пойгоҳи низомии Ҳатсерим, 26-уми ноябр. Моайян Зин духтаронаш Элаи 8 ва Дафна Элякими 14-соларо баъди раҳоиашон аз асорати гурӯҳи фаластинии Ҳамос ба оғӯш мекашад.
Исроил, пойгоҳи низомии Ҳатсерим, 26-уми ноябр. Моайян Зин духтаронаш Элаи 8 ва Дафна Элякими 14-соларо баъди раҳоиашон аз асорати гурӯҳи фаластинии Ҳамос ба оғӯш мекашад.

Духтари чаҳорсолаи исроилӣ ва амрикоӣ, ки дар асорати Ҳамос буд, рӯзи якшанбе дар асоси созиши оташбас миёни ин гурӯҳ ва Исроил озод шуд. Ҷо Байден, президенти ИМА раҳоии кӯдакро истиқбол ва изҳори умедворӣ кард, ки оташбас давом хоҳад ёфт. 

Абигайл Эдани чорсола, яке аз 17 гаравгоне буд, ки рӯзи якшанбе аз асорати гурӯҳи тундрави Ҳамос озод шуд. Ҷо Байден, президенти Амрико аз ин ҳодиса истиқбол кард ва гуфт:

“Ҳангоми ҳамлаи террористони Ҳамос рӯзи 7-уми октябр, модари вай дар пеши чашмаш кушта шуд. Абигайл ба сӯи падараш давид, вай баданашро барои наҷоти Абигайли хурдсол сипар кард ва тир хӯрд.”

Оташбаси чоррӯза миёни Ҳамос ва Исроил аз рӯзи ҷумъа оғоз шуда, имрӯз поён меёбад. Ҳамос то кунун аз 240 гаравгон 53 нафарашро озод кардааст.

Президент Ҷо Байден ба талошҳои дипломатие, ки барои ба даст омадани оташбаси муваққат байни Ҳамосу Исроил анҷом шудааст, рӯшанӣ андохт.

“Мо бо раҳбарони Қатар ва Мисру Исроил дар робитаи зич будем. Дар ин чанд ҳафтаи ахир барои расидан ба оташбас бо ҳар яки онҳо борҳо сӯҳбат доштем. Ҳоло ҳар як табассум ва ашки шодие, ки дар чеҳраи оилаҳои билохира ба ҳам омада мебинем, далели он аст, ки ин талошҳо арзиш доштанд ва бояд ин корро давом дод.”

Оташбас ва табодули гаравгонҳову маҳбусон миёни Исроилу ҲАМОС идома дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Вале ҷараёни офиятбахшии гаравгонҳои озодшуда тӯлонӣ хоҳад буд. Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед гуфт:

“Вазъи ҷисмонии аксари онҳо хуб аст. Аз нигоҳи равонӣ барои офиятбахшии онҳо вақти зиёд зарур аст. Исроил ва кишварҳои дигар ҳама имкониятҳоро ба рафъи осеби равонӣ сафарбар кардаанд.”

Дар чаҳорчӯби оташбас Исроил ҳам даҳҳо маҳбуси фаластиниро озод кард. Ба Ғазза маводи сӯхт ва кӯмаки башардӯстона ворид карда шуд. Идомаи оташбас аз давом ёфтани табодули асирон вобаста аст.

Майк Тернер, намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА дар сӯҳбат бо шабакаи NBC гуфт:

“Тавре сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ахиран гуфт, вақте муҳлати оташбас анҷом меёбад, ҷанг то замони нобудии гурӯҳи Ҳамос идома хоҳад ёфт.”

Бо ин вуҷуд умед ҳаст, ки дар ниҳоят ҳалли доимие барои анҷоми низои байни Исроилу Ҳамос пайдо хоҳад шуд.

Ро Ҳанна, намояндаи ҳизби демократии Амрико зимни мусоҳиба бо шабакаи ABC гуфт:

"То замоне, ки давлати мустақили Фаластин вуҷуд надорад, дар ин минтақа сулҳу амният нахоҳад шуд."

Дар ҳамин ҳол, попи Рум Франсис ҳам дар Ватикан ба зарурати музокира барои ҳалли низоъ таъкид ва аз раҳоии гурӯҳи нави гаравгонҳо истиқбол кард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG