Ҳафтаи гузашта, пеш аз намози ҷумъа ходимони полис бо булдозер ба назди як масҷиди мусалмонон дар шаҳри Лобняи вилояти Маскав рафтанд, то ки онро тахриб кунанд.
Нашрияи Ислом-нюс менависад, ин ҷо ҳар намози ҷумъа 500-600 нафар ва дар намози ид то 9 ҳазор нафар намоз мегузоранд. Хабарнигорон мегӯянд, ки дар ин наздикиҳо масҷиди дигаре нест. То соли гузашта масҷид дар қаламрави маъмурии шаҳри Лобня ҷойгир буд, ҳоло бошад ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Митиши дохил мешавад. Ду сол пеш додгоҳи шаҳри Митиши ҳукм баровард, ки бинои масҷид ғайриқонунӣ сохта шудааст.
Нашрияи Ислом Нюс менависад, ки намозгузорон ин дафъа пеши роҳи тахриби масҷидро гирифтанд. Полис мошинҳоро дур карду нақшаи кандани масҷид ба баъд вогузор гашт. Мақомот як ҳафта вақт доданд, ки мушкил ҳал карда шавад.
Масҷид ба Анҷумани мусалмонони Русия марбут аст ва бо пули намозгузорон сохта шудааст. Намояндагони ҷомеаи маҳаллии мусалмонон гуфтанд, ки вақтҳои охир санҷиши ниҳодҳои қудратӣ то рафт бештар мешавад ва дар шабакаҳо таблиғоти зидди мусалмонон афзоиш ёфтааст.
Гуфтугӯ