Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интерпол исми Иброҳим Дониёрзодаро аз феҳристаш берун кард


Иброҳим Дониёрзода
Иброҳим Дониёрзода

Пулиси Байналмилалӣ ё Интерпол номи Иброҳим Дониёрзодаи 27-сола,  як ҷавони тоҷик, ки дар Маҷористон (Венгрия) ним сол бо гумони ширкат дар ҷангҳои Сурия дар боздошт буд,  аз руйхати пайгардаш ихроҷ кардааст.

Иброҳим ҳамроҳи хонаводааш дар соли 2015 ба Туркия рафт ва дар шаҳри Қуҷоайлӣ (Коҷаэлӣ) мезист. Ӯро рӯзи 1-уми ноябри соли 2022 ҳангоми талоши аз тариқи Маҷористон ба Туркия рафтан бар асоси шикояти мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд.

Мақомоти турк бо дархости Тоҷикистон модар ва бародари Дониёрзодаро рӯзи 17-уми октябри соли равон бозошт намуданд. Наздиконашон ба Радиио Озодӣ гуфтанд, модару писар, ки намехоҳанд ба Тоҷикистон бираванд, ҳоло мунтазири қарори додгоҳи Туркия ҳастанд.

Иброҳим Дониёрзода рӯзи 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбе вакили мудофеаш дар Венгрия занг зада гуфт, Интерпол исми ӯро аз феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯ ихроҷ кард. Дониёрзода гуфт:

“Вакили мудофеъ нусхаи қарори Интерполро ба ман фиристоду гуфт, бар асоси аризаи мо ба ин созмони байналмилалӣ ва пешниҳоди далелҳо номи ман аз рӯйхати ҷустуҷӯ хат зада шуд. Хеле хушҳол шудам ва ҳангоми сафарҳоям дигар бим надорам. Ҳоло бо пешниҳоди мақомоти Венгрия дар ширкати “Самсунг” кор мекунам”, - мегӯяд Иброҳим Дониёрзода.

Айни замон, исми Иброҳим Дониёрзода ҳамчунон дар феҳрасти афроде боқӣ мемонад, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо гумони даст доштанашон дар амалҳои террористӣ муомилаи пулӣ бо онҳоро манъ кардааст.

Вай гуфт, умедвор аст нусхаи қарори Интерпол ба намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон низ хоҳад расид ва мақомоти Тоҷикистон номашро аз пайгард берун хоҳанд кард.
Вале то ҳанӯз мавқеи мақомоти Тоҷикистон дар робита ба Иброҳим Дониёрзода ва модараш Фотима Ғиёсоваи 44-сола ва бародараш Маҳмадулло Дониёрзодаи 19-сола рушан нест. Ҳоло ҳеч ниҳод ё додгоҳи мустақиле тасдиқ накардааст, ки воқеан дар Сурия ё Ироқ буданд ё на.

Иброҳим Дониёрзода мегӯяд, ҳеҷ кадом аз аъзои хонаводаи онҳо ба Сурия нарафтааст ва мақомоти Тоҷикистон бидуни далел онҳоро дар пайгарди пулиси байналмилалии Интерпол қарор додаанд.
Ин хонавода аз соли 2015 дар Қуҷоайлии Туркия, дар наздикиҳои Истамбул зиндагӣ мекунад ва дар ин кишвар ҳаққи иқомат дорад.
Дар солҳои 2014-2017 Туркия як масири аслии пайвастани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба ДОИШ дар Ироқу Сурия будааст. Аз ин роҳ беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия рафтаанд ва сарнавишти аксари онҳо номаълум аст.

XS
SM
MD
LG