Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таксирони тоҷик дар ҷанги Украина кушта шудааст


Як тонки харобшудаи Русия дар Украина. Акс аз бойгонӣ
Як тонки харобшудаи Русия дар Украина. Акс аз бойгонӣ

Як ронандаи таксии зодаи Тоҷикистон, ки чор моҳ пеш аз ҷониби Русия ба ҷанги Украина рафта буд, кушта шудааст ва ҷасадашро дар Маскав ба наздиконаш супурдаанд.

Назрулло Ҷунайдов, сокини 43-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чор моҳ пеш тариқи даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ даъват ва фавран ба ҷанг ҷалб шуда будааст. Ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ рӯзи 10-уми ноябр дар Донетски Украина кушта шудааст.

Шеваи ҷалби сокинон ба ҷангро аксаран дар дохили Русия ва дар хориҷ аз он танқид мекунанд.

Як тан аз наздиконаш, ки нахост номашро зикр кунем, рӯзи 23-уми ноябр гуфт, Назрулло 25 сол пеш шаҳрванди Русия шуда, аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашида буд.

Ӯ гуфт, рӯзи 15-уми ноябр аз комиссариати ҳарбӣ ба онҳо занг зада гуфтанд, ки Нарзулло Ҷунайдов “қаҳрамонона ҳалок шуд.”

Дар чӣ шароите ӯ кушта шудааст, маълум нест.

“Нарзулло дар ширкати таксиронии “Яндекс” кор мекард. Ба ӯ даъватнома омад. Гуфтанд, агар ҷанг наравӣ, ҳабсат мекунем. Маҷбур рафт, намехост,”—гуфт ӯ.

Наздиконаш ҳоло барои интиқоли ҷасади ӯ ба Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Мақомоти рус ба онҳо ваъда додаанд, ки ба се фарзандаш аз ду ҳамсар кумакпулӣ хоҳанд дод.

Дар гузашта бо чунин ваъда зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷанг ҷалб карда буданд, вале пас аз марг ба наздиконашон чизе надода буданд.

Номи даҳҳо шаҳрванд ё зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Русия алайҳи Украина расонаӣ шудааст. Ҳатто тариқи ширкати “Вагнер” теъдоди зиёде аз маҳбусони тоҷик дар Русия низ ба ҷанг ҷалб шуда буд. Мақомоти тоҷик ҷалби беш аз 100 маҳбус ба ҷангро тасдиқ карда буданд. То кунун хабари марги беш аз сад шаҳрванд ва зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст. Омори расмии ҷалби тоҷикон дар ин ҷанг ва кушта шудани онҳо ҳеҷ ҷое эълон нашудааст.

Русияро барои талоши ишғоли Украина аксари кишварҳои дунё танқид ва таҳрим кардаанд.

Низомиёни рус охири моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла карданд ва ин ҷанг то кунун идома дорад.

XS
SM
MD
LG