Мақомот гуфтанд, аз шикояти муштариён огоҳанд ва барои муайян кардани манбаи аслии ин "ҳамлаҳо", талош доранд.
Ҳафтае пеш саҳифаи хусусии Одили Нозир, хабарнигори тоҷик дар "Телеграм" якбора тағйир ёфт ва дертар маълум шуд, ки мавриди "ҳамлаҳои рахнагарона" қарор гирифтааст. Одили Нозир гуфт, "дар "Телеграм"-и ман дар ҷойи акси ман, акси як духтаре пайдо шуд ва аз номи ӯ ба нафароне, ки ба ман тамоман ношинос буданд, эълони таблиғи кадом меҳмонхона ё ширкати сайёҳӣ фиристода шуда буд".
Ӯ гуфт, вақте дар "Телеграм"-и ӯ чунин ҳодиса рух дод, якбора тамоми маълумоти ҳифзкардааш дар ин паёмрасон пок шуд ва мукотибаҳояш дигарбора барқарор нашуданд.
КӢ САФҲАҲОИ КОРБАРОНРО ШИКАСТ?
Мисли ин хабарнигори тоҷик дар як ҳафтаи ахир даҳҳо нафар муштариён шикоят карданд, ки саҳифаи шахсияшонро дар "Телеграм" ва ҳамчунин "Вотсап" қуфлшиканӣ карданд ва ҳатто аз тариқи рақами телефони онҳо ба номи шахси номаълум паёмрасон кушодаанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Рустам Гулов, мутахассиси фанновариҳои навин, ки паёмрасонии шахсии ӯ низ дар "Телеграм" мавриди ҳамлаи рахнагарон қарор гирифтааст, мегӯяд, "ҳамлаҳои рахнагарона" ва "қуфлшиканӣ" метавонад аз дилхоҳ макон, аз ҷумла аз хориҷи кишвар ҳам анҷом шавад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Рустам Гулов, пеш аз ҳама барои нигоҳ додани маълумоти шахсии муштариён ширкатҳои мобилӣ ҷавобгар ҳастанд ва бояд амнияти кибернетикии онҳо кафолат дода шавад.
"Онҳо вақте маълумоти шахсии моро ҷамъоварӣ мекунанд, аз ҷумла рақамҳои телефон ва паёмак-смсҳое, ки мо мегирем ё ба ягон нафар ирсол мекунем, онҳо барои шикаста нашудани он ҷавобгар ҳастанд".
Ширкати мобилии "Тселл" дар зери шарҳи Рустам Гулов дар "Фейсбук" кутоҳ навишт ки "дастрасӣ пайдо кардан ба рақами симкорти дигарон номумкин аст. Фурӯхтани симкорти як нафар ба нафари дигар вуҷуд надорад".
Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси тоҷик баъди ҳамлаҳои рахнагарона дар "Телеграм"-аш ба Додситонии кул шикоят бурдааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, "моддаи 23-и Сарқонуни Тоҷикистон маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахсро кафолат медиҳад, инчунин бе розигии шахс ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот дар бораи ҳаёти шахсии инсонро манъ кардааст".
МАСЪУЛИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ КОРБАРОН КИСТ?
Ба иддаои мутахассисон, мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳазанд ва роҳат метавонанд дар кӯтоҳтарин муддат "ҳамлаҳои рахнагарона"-ро муайян кунанд. Фаъолияти риштаҳои мухобиротии Тоҷикистон, бо шумули фаъолияти ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасонии кишвар ва ҳамчунин, масъулияти таъмини амнияти иттилоотии низоми электрониро Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба ҳукумат бар ӯҳда дорад.
Дар ин ниҳод рузи 15-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ҳодисаҳои рахна шудани паёмрасонҳои муштариён огаҳ ҳастанд ва барои мушаххас кардани манбаи чунин рахнагарон корро шурӯъ кардаанд.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ гуфт, "ҳодисаи ҳамлаҳои хаккериро, ки як ҳафта зиёд аст рух медиҳанд, пайгирӣ дорем ва эҳтимол ин аз хориҷи кишвар аст, на аз ҷониби Хадамоти алоқа ва на аз ҷониби ширкатҳо. Ин аз худи ҳар як муштарӣ ҳам бастагии зиёд дорад, ки то куҷо ба ҳар як спам ва паёмак посух медиҳанд".
Атоев афзуд, ҳарчанд шикоятҳои расмӣ ба онҳо ворид нашудааст, вале сокинон аз "ҳамлаҳои рахнагарона" дар саҳифаҳои шахсии худ ба Хадамоти алоқа хабар додаанд.
РОҲИ НАҶОТ АЗ ИН ҲАМЛАҲО КАДОМ АСТ?
Дар чунин вазъият чӣ гуна метавон амнияти кибернетикии худро таъмин намуд? Ба таъкиди Рустам Гулов, коршиноси масоили технологияҳои навин, набояд нусхаи электронии ҳуҷҷатҳо, инчунин кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ дар паёмрасонҳои шахсӣ нигоҳдорӣ шавад. Дар сурати рахна шудани саҳифа, ҷинояткорон метавонанд ин маълумотро барои дуздии пул аз суратҳисоби шахс ё барои ғайриқонунӣ гирифтани қарз аз номи шумо истифода баранд.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ гоҳ тафсилоти молиявиро, ба монанди рақами корт ё рамзи PIN дар шарҳҳо ва мукотибаи шахсӣ ифшо кардан мумкин нест.
Ҳарчанд омори солона дар бораи ҷиноятҳои иттилоотӣ ва ё кибернетикӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, вале дар гузашта низ мавридҳои рахна шудани саҳифаҳои корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Фейсбук" дар Тоҷикистон расонаӣ шудааст.
Гуфтугӯ