Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон Исроилро "давлати террористӣ" номид. Нетаняҳу посух дод


Дафтари раёсати ҷумҳури Туркия дар шабакаи Х (Твиттери пешин) навишт, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти ин кишвар рӯзи чаҳоршанбеи 15-уми ноябр дар як суханронӣ дар ҳамоиши ҳизби ҳокими Туркия, Исроилро як "давлати террористӣ" номидааст. Нахуствазири Исроил ба ин суханони раиси ҷумҳури Туркия вокуниши тунд нишон додааст.

Тибқи ин гузориш, Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, "Исроил дар ҳоли иҷрои стратегияи нобудии комили як шаҳр ва мардуми он аст. Ман хеле рӯшан ва ошкор мегӯям, ки Исроил як давлати террористӣ аст".

Вай афзуд, "мо иқдомотеро анҷом хоҳем дод, то итминон ҳосил кунем, ки раҳбарони сиёсӣ ва низомии Исроил, ки мардуми мазлуми Ғаззаро ваҳшиёна ба қатл расонданд, дар Додгоҳи байналмилалӣ муҳокима хоҳанд шуд".

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар пайи ин суханронӣ Эрдуғон, ӯро муттаҳам кард, ки "аз давлати террористии Ҳамос ҳимоят мекунад".

Нахуствазири Исроил дар шабакаи Х навишт, "иттифоқан, нерӯҳое ҳастанд, ки аз террористҳо ҳимоят мекунанд. Якеашон Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия аст, ки Исроилро давлати террористӣ номида, аммо аз давлати террористии Ҳамос ҳимоят мекунад ва рустоҳои Туркияро дар дохили худи ин кишвар бамборон мекунад. Бинобар ин, ҳарфҳои онҳо барои мо арзише надорад".

Эрдуғон ҳамчунин Нетаняҳуро муттаҳам кард, ки мардуми Ғаззаро бо бамби ҳастаӣ таҳдид кардааст. Ӯ гуфт, "ба Нетаняҳу мегӯем, ки ту силоҳи ҳастаӣ дорӣ ва бо он мардуми Ғаззаро таҳдид мекунӣ. Мо инро медонем. Аммо поёни ту наздик аст..."

Эрдуғон моҳи гузашта сафари барномарезишудаи худ ба Исроилро лағв кард ва гуфт, "Туркия мушкиле бо давлати Исроил надорад. Аммо Анқара ҳаргиз ҷиноятҳои Телавивро таъйид намекунад".

Вай ҳамчунин бо ишора ба ин, ки кишварҳои ғарбӣ "Ҳамос"-ро як созмони террористӣ медонанд, афзуд, "Ҳамос як созмони террористӣ нест, балки як гурӯҳи озодибахш аст, ки барои муҳофизат аз сарзаминҳо ва ҳамватанҳои худ мубориза мекунад".

Ҷанг дар Ғазза 7-уми октябр дар пайи ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. "Ҳамос" дар ин ҳамла 1200 исроилиро кушт ва беш аз 240 нафари дигарро бо худ ба Ғазза бурд. Дар дунболи он Исроил ба Ғазза ҳамла кард. Аз оғози ин ҳамла то кунун беш аз 11 ҳазор нафар фаластинӣ кушта шудаанд, ки бештари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG