Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як муҳоҷири тоҷик дар таркише дар Русия. Дигаре захмист


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари таркиши як мушак дар Шарқи Дури Русия як муҳоҷири тоҷик ҷон бохта, дигаре захмӣ шудааст.

Ҳодиса 3-юми ноябр дар хиёбони Верешагинаи ноҳияи Советский рух дод.

Ҷасади Раҳмат Тоҳирови 44-соларо дар зодгоҳаш, деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич, дафн карданд.

Алишер Азизбоев, муҳоҷири дигари 44-сола аз сару дасту пой захмӣ шуда, дар шифохонаи Шарқи Дур бистарист.

Алишер Азизбоев
Алишер Азизбоев

Азизбоев рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми кор дар сохтмон ҳамроҳаш як мушак ёфт ва онро зоҳиран аз нофаҳмӣ бо дастгоҳе пора кардан хост.

"Садои таркишро шунидам ва аз ҳуш рафтам. Ба худ омадам, ки дар беморхона ҳастам ва дасту сару поям захмист. Ҷарроҳӣ карданд ва оҳанпораҳои хурдро аз сарам гирифтанд," – нақл кард ӯ.

Маълум нест, ки мушак (снаряд) нав аст ё аз замони пеш дар зери хок монда.

Додситонии устони Приморскийи Шарқи Дур бе зикри номи муҳоҷирон дар бораи таркиш дар маҳаллаи Верешагина хабар дод.

Манбаъ гуфт, зоҳиран муҳоҷир талош кардааст, мушакро аз зери хок берун орад, вале он таркидааст. Дар ҷойи ҳодиса як мушаки дигари нотаркидаро ёфтаанд, вале мақомот шарҳ надоданд, ки мушакҳо чаро дар онҷо буданд.

"Дар таркиш як муҳоҷир аз кишвари хориҷӣ ҳалок шуда, як тани дигар захмӣ шуд ва барои табобат ба беморхона бурда шуд. Сабабҳои таркишро Кумитаи тафтишот таҳқиқ дорад," -- гуфта шудааст дар хабарномаи Додситонии Приморский.

Солона ҷасади садҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон оварда мешавад. Аксари онҳо бар асари ҳодисаҳои нохуш ҷон бохтаанд.

Мақомоти тоҷик соле пеш гуфта буданд, ки аз Русия ба Тоҷикистон наздик ба ҳазор тобути муҳоҷирон интиқол ёфтааст.

XS
SM
MD
LG