Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қарни Низорамоҳ Зарипова: "Якуним моҳ раҳбари Тоҷикистон будам". ВИДЕО


 Низорамоҳ Зарипова 6-уми ноябр 100-сола шуд
Низорамоҳ Зарипова 6-уми ноябр 100-сола шуд

Ходими давлатии Тоҷикистони шӯравӣ Низорамоҳ Зарипова дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи бачагиҳои сахту сангинаш дар давраи ташаккулёбии Тоҷикистони советӣ, фирори Амир Олимхон аз Тоҷикистон, мулоқоташ бо Сталин, таҷрибаи корӣ зери раҳбарии Бобоҷон Ғафурову Турсун Ӯлҷабоев ёдовар шуд.

Радиои Озодӣ: Нахуст шуморо ба расидан ба синни садсолагӣ табрик мегӯем ва агар ба гузашти солҳо бингаред, зиндагии худро чӣ гуна мебинед?

Низорамоҳ Зарипова: Вақте синну сол ба ҷое рафт, баъд каллаат кор кардан мегирад, ки куҷо будам, чӣ кор кардам, чӣ хӯрдам. Вақте аз кӯдакиам то ин солро фикр мекунам, бовар кунед, давраи босмачигариро ҳам дар ёд дорам, давраи ташаккулёбии Иттифоқи Советиро дар хотир дорам, деҳқонҳо аз куҳҳо фаромада ҷойи барои зиндагӣ муносиб кофтанашонро дар ёд дорам, ҳамаи ин ҳодисаҳо аз назарам ба мисли наворе мегузарад. Ҳоло ҳам фикр мекунам, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо пеши назарам аст, ки чӣ гуна босмачиҳо ҳосили ғаллаи деҳқони бечораро алов мезананд, гандум ҳамааш мурд, мардум чизе надорад, занҳо шабона дар моҳтобшаб баромада, аз заминҳо хӯшачинӣ мекарданд. Дар хотир дорам, ки падарам дар панҷсолагиам фавтид – се-чор кӯдак мондем, хурдиамон шашмоҳа буд, акаи калониам дувоздаҳсола буд. Акаам асп дошт ва модарам занҳоро таблиғ мекард, ки шабона рафта, аз заминҳо хӯшачинӣ кунем.

Низорамоҳ Зарифова

Зарифова Низорамоҳ Одинаевна 6 ноябри соли 1923 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Дар 5-солагиаш падараш аз дунё гузашт. Низорамоҳу бародараш Абдулазизи 12-сола ва хоҳараш Рухсорамоҳи 6-моҳа дар тарбияи модараш Шарифамоҳ монданд. Баъдтар модараш ба Зариф ном сокини ҳамин деҳа хонадор шуда, аз онҳо Тоҷинисову Зебунисо ва Меҳринисо ба дунё омаданд. Низорамоҳ Зарифова соли 1941 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб хатм кардааст. дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа намудааст. Аз ҷумла, мудири шуъбаи кадрҳои Комиҷрояи Кӯлоб, мудири шуъбаи мактабҳои Комитети комсомолии вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи занони Комитети ҳизбии вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи занони КМ ПК Тоҷикистон. Аз соли 1966 то соли 1986 ҷонишини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳодисаҳои беҳтар шудани зиндагӣ ба хотирам меояд, норозигии мардум дар пайи барқарор шудани Иттифоқи советӣ ва норозигии мардум, ки одамони дигаре омада, давлату миллати моро соҳибӣ мекунанд, моро азоб медиҳад. Тавонистанд колхозҳову совхозҳо ва мактабҳоро ташкил кунанд. Паси хонаи мо як мактабчае буд, ки дар он бист нафар ҷой мегирифт, як хонаяки майдаяк, ки се ё чор парта дошт ва дигарон рӯи замин менишастанд. Аз синфи як то чор, алифбо дар дастамон мактаб мерафтам ва муаллимон дарс медоданд. Ин хел замонҳоро ҳам паси сар кардаам. Ман ҳатто пои луч ба мактаб мерафтам, ки агар мактаб наравам, муаллим маро ҷанг мекунад.

Боз шароит беҳтару мактабҳо ҳам беҳтар мешуданд. Баъд аз синфи чор маро ба Кӯлоб оварданд. Падарандарам мубориз ва инқилобчӣ буд ва ӯро раиси ҷамоат таъйин карданд, баъдтар раиси ҳукумати ноҳияи Кӯлоб карданд. Азбаскӣ падарам фавтида буд, маро иҷозат доданд, ки дар педучилишии Кӯлоб ду-се моҳ таҳсил кунам. Дар он ҷо духтараҳо каму бачаҳо бештар буданд. Вақте Амир Олимхон аз Бухоро фирор карда, ба Афғонистон рафт, аз тариқи Кӯлоб гузашт. Ҳама боигариву амволаш ҳамроҳаш буд.

Радиои Озодӣ: Шумо гузаштани Амир Олимхонро ҳам дидаед?

Низорамоҳ Зарипова: Гузаштанашро надидаам, ҳикоятҳояшро шунидам, шаҳр ҳамааш қабристон шуд. Вақте моро ба педучилише оварданд, ҳар қадаме, ки мегузоштӣ, даруни қабре меафтодӣ. Он вақт ҳанӯз роҳҳо соз набуданд, ҳама ҷо кандаву шикоф буд. Мо китобҳо зери бағал бо роҳбаладии нафари калонсолон мерафтем ва агар ба чуқурие афтодам, фарёд мезадам, ки «оҳ, ман афтодам ва мурда маро мекашад ва ман ҳам мемирам». Дидаам, ки шаҳр гӯристон буд. Вақте Амир Олимхон саҳар мебарояд ва ба ҳамроҳонаш савол медиҳад, ки чи хел аст? Посбонҳо мегӯянд, ки донаи гандуматон ҳам беҷо нашудааст. Зеро, фикр мекарданд, ки одамони гурусна метавонанд чизҳои амирро талаву тороҷ кунанд. Амир Олимхона гуфтааст, ки мардуми Кӯлоб он қадар чашмсеранд, ки ҳатто давлати моро назарашон намегирад. Баъд аз тариқи ноҳияи Московский ба Афғонистон гузашта рафтааст. Баъд маро ба Душанбе оварданд.

Радиои Озодӣ: Кадом сол ба Душанбе омадед?

Низорамоҳ Зарипова: Соли 1937-ум. Он вақт дар Душанбе техникуми педагогии тайёркунии духтарҳо буд. Он солҳо падару модарон намехостанд фарзандонаш дар Душанбе таҳсил кунанд ва чанд маротиба намояндаҳояшон омада, пропаганда мекарданд. Намедонам чи хел шуд, лекин дар пайи таблиғоту ташфиқоти онҳо мо хостем, ки барои таҳсил ба Душанбе биравем. Се-чор духтаракҳо аз детдом буданд ва ман ҳамроҳашон.

Радиои Озодӣ: Шумо воқеан бо ҳамаи роҳбарони Тоҷикистон кор кардаед. Лутфан мегуфтед, ки кор бо Бобоҷон Ғафуров чи хел буд, бо Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Набиев ва Маҳкамов чи хел буд?

Наққошие аз Низорамоҳ Зарипова ва ҳамсараш Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев
Наққошие аз Низорамоҳ Зарипова ва ҳамсараш Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев

Низорамоҳ Зарипова: Вақте моро ба педучилише оварданд, мо дар шанбегиҳои сохтмони кӯли он вақт “Комсомол” мегуфтанд, ширкат мекардем. Он ҷо ҳама ботлоқзор буд ва бо тракторҳо он ҷоро тоза мекарданд. Ҳайвоноти ваҳшӣ ба мисли гургу рӯбоҳу шағол он ҷо зиёд буданд. Ҳама мактабу идораҳо тақсим шуда буд ва ҳатто рӯзҳои корӣ мо дар он ҷо будем. Вақти бозгашт ҳама сиёҳу чиркин меомадем. Авқот набуд, дар як рӯз як стакан чойи ширин ва ду бурда нон медоданд. Дар ҳамин шароит зиндагӣ мекардем. Соли 1939-ум дар Москов ман дар парад ба унвони варзишгар ширкат кардаам. Турсун Улҷабоевич он замон котиби Кумитаи марказии комсомол буд ва як ҳафта дар Майдони сурхи Москав мо машқ кардем. Вақте дар паради Майдони сурх ширкат доштам, бори аввал аъзои Политбюроро дидам. Баъд аз анҷоми парад, Иосиф Виссарионович Сталин барои ширкаткунандаҳо зиёфат дод, ба ин маросим аз ҳар ҷумҳурӣ намояндаҳоро интихоб карданд ва ман дар миёни ҳамон сӣ нафари интихобшуда будам.

Радиои Озодӣ: Яъне, Сталинро ҳам дидаед?

Низорамоҳ Зарипова: Бале, соли 1939 дар толори Кремл бори нахуст худи Сталинро дидам. Ҳатто ба китфам се маротиба расида, пурсид “а, ты откуда?” Гуфтам “из Таджикистана”. Ҳамин хел дар педучилишии Душанбе таҳсил мекардем, ки дар аввали соли 1940 гуфтанд барои идомаи таҳсил бояд чил сӯм пардохт кунам. Падарандарам он солҳо аз кор рафтаву дар Душанбе таҳсил мекард. Модарам колхозчӣ буд. Нимаи ҳамон сол паспортамро гирифтаму ба Кӯлоб баргаштам. Баъд Ҷанги бузурги ватанӣ сар шуд ва аз он рӯз ман корманди комсомол шудам, аввал дар кумитаи шаҳрӣ. Ҳама ҷавонҳову мардҳоро ба ҷанг сафарбар мекарданд. Баъд маро мудири шӯъбаи мактабҳову пионерҳо ва духтаракҳои кумитаи комсомоли вилоятӣ таъйин карданд.

Як қарни Низорамоҳ Зарипова: "Якуним моҳ раҳбари Тоҷикистон будам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:02 0:00

Радиои Озодӣ: Кадом сол ба кори комсомолу партиявӣ ба Душанбе баргаштед?

Низорамоҳ Зарипова: Азбаски баъд аз ҷанг, ки бештари ҷавонҳову мардҳо аз фронт барнагаштанд, ҳама кори давлативу хоҷагидорӣ дар дӯши занҳо буд. Соли 1947 бо имзои Сталин тасмим шуд, ки дар назди кумитаҳои ҳизбии ноҳиявиву шаҳрӣ ва вилоятӣ вазифаи мудири кор бо занҳо таъсис дода шавад. Ҳамин тавр ба Душанбе баргаштам ва як сол дар Маскав дар мактаби олии партиявӣ ҳам хондаам. Соли 1952 шуд ва он замон Турсун Ӯлҷабоевичро котиби обкоми Кӯлоб карданд ва ӯ маро барои се сол ба таҳсил боз ба Москав фиристод.

Радиои Озодӣ: Он солҳо Бобоҷон Ғафуров котиби сека буданд?

Низорамоҳ Зарипова: Бале, дар маҷлисҳои райкому обком вомехӯрдем, якдигарро медонистем, аммо аз наздик шинос набудем. Боре худашон маро ба Душанбе даъват карданд, вале нахостам ва нарафтам. Соли 1955 дар Душанбе сессия мегузашт ва Бобоҷон Ғафуров ва Назаршо Додхудоев тасмим мегиранд, ки маро ба вазифаи мудири шӯъбаи Партияи коммунистии Тоҷикистон пешбарӣ кунанд. Вақти сафар ба ноҳияҳо шахсан бо ман суҳбат карда, машварат медоданд, ки бо кишоварзон чӣ гуна суҳбат кунам ё бо фаъолони ҷамоатҳо ва дар ҳамаи ин арсаҳо иттилои комил доштанд. Турсун Ӯлҷабоев бошад, вақте вилояти Кӯлобро барҳам дод, кадрҳои ин минтақаро зиёд дастгирӣ мекард. Пеш аз ҳар кор бо калонҳо маслиҳат мекардам, ки назари онҳо чӣ аст. Барои ҳамин бо баҳои баланд аз дасти ин ду роҳбари бузург баромадам. То ҳол Бобоҷон Ғафуров ва Турсун Ӯлҷабоевро ба мисли роҳбари бузургвор ва падар ҳисоб мекунам. Баъд аз онҳо Ҷаббор Расулов сари кор омад, ки пештар раиси Шӯрои вазирон буд. Одами доно ва боақли хоксор буданд.

Радиои Озодӣ: Баъд аз ҳамкорӣ бо Бобоҷон Ғафурову Турсун Ӯлҷабоев ва Ҷаббор Расулову Қаҳҳор Маҳкамов шумо бо Эмомалӣ Раҳмон низ кор кардаед. Агар муқоиса кунед, фарқият дар чист ва ҳоло чӣ камбудиҳое вуҷуд доранд?

Низорамоҳ Зарипова: Он солҳо кори мо аз будҷет вобаста буд. Дар як панҷсола ба ҷумҳурӣ ба сохтмони як ё ду иншоот иҷозат дода мешуд ва онҳо ба дӯши як ё ду ноҳия вогузор мешуданд. Ба ин назарам, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бар пояи ҳамон Тоҷикистони шӯравӣ барпо карда шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳам директори совхоз буд, аз ҷавониаш корҳои хоҷагии қишлоқро медонад.

Радиои Озодӣ: Ҳоло барои беҳтар шудани вазъият дар Тоҷикистон шумо чӣ машварате дода метавонед?

Низорамоҳ Зарипова: Пеш аз ҳама ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ даркор аст, ҳамчунин эҳтиёт кардани роҳбари республика муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даркор аст, дар атрофаш одамони бекору туҳматчӣ ҳастанд, одамони ба корҳо сарфаҳм намерафтагӣ ҳам ҳастанд, истеъфо равад мегуфтагиҳо ҳам ҳастанд, бахилҳо ҳам ҳастанд. Бояд сардорамонро аз ин одамон эҳтиёт кунем. Зеро давлатро ба ин дараҷа расонидан кори осон нест, ин қадар ободонӣ карданд. Камбудӣ бисёр дорем, пул надорем, шароити зиндагиамон бад аст, аммо муҳим қаҳтӣ нашавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG