Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафи 7-километрӣ дар марз. "Беш аз 165 ҳазор афғон аз Покистон гурехтаанд" ВИДЕО


Ихроҷи муҳоҷирони беҳуҷҷати афғонистонӣ аз Покистон
Ихроҷи муҳоҷирони беҳуҷҷати афғонистонӣ аз Покистон

Мақомоти марзбонии Покистон рӯзи панҷшанбе хабар доданд, ки бо поён ёфтани муҳлати додаи ин кишвар ба муҳоҷирони беҳуҷҷати афғонистонӣ, то ин рӯз беш аз 165 ҳазор шаҳрванди Афғонистон аз Покистон гурехтаанд.

Бинобар гузоришҳо, бештари ин муҳоҷирон аз тариқи гузаргоҳҳои вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ дар шимол-ғарби Покистон ва ба хусус аз тариқи гузаргоҳи марзии "Турхам", роҳии Афғонистон шудаанд ва дар ин гузаргоҳ сафи ҳафткилометрӣ аз муҳоҷирон шакл гирифтааст.

Покистон ба як миллиону 700 ҳазор муҳоҷири бесанади афғонистонӣ то рӯзи чаҳоршанбеи якуми ноябр вақт дода буд, то аз ин кишвар берун шаванд, вагарна боздошт ва ба марказҳои нави нигаҳдории муҳоҷирон интиқол дода мешаванд ва сипас ба таври маҷбурӣ ба Афғонистон ихроҷ хоҳанд шуд.

Хабаргузории Олмон рӯзи панҷшанбе гузориш дод, ки акнун бархӯрди пулис бо афғонҳои ғайриқонунӣ дар чанд шаҳри Покистон оғоз шуда, фаъолони ҳуқуқи инсон мегӯянд, "пулис ҳатто касонеро, ки санад доранд ё пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ба Покистон омада, дар ҷараёни гирифтани паноҳандагии кишварҳои ғарбӣ ҳастанд, мавриди озор ва таъқиб қарор медиҳанд".

Дар рӯзҳои охир Кумисюни ҳуқуқи башари СММ аз Исломобод хоста буд, иҷрои тасмими худро ба таъхир андозад. Ҳукумати Толибон дар Кобул мегӯяд, сиёсати берун кардани паноҳҷӯён, баробар ба "озор ва азият"-и шаҳрвандон аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ба тиҷорат дар Покистон таъсири манфӣ гузоштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Масъулони ҳукумати Толибон мегӯянд, барои баҳс дар бораи раванди ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Покистон, бо мақомҳои ин кишвар дар тамосанд.

Халилраҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирати ҳукумати Толибон, ба хабаргузории "Франс-Пресс" гуфтааст, аз Исломобод мехоҳанд, ки ба муҳоҷирони афғон вақти бештар бидиҳад, то онҳо ба гуфтаи ӯ, "бо иззат" ба кишвари худ бозгарданд.

Ҳамзамон сафири ҳукумати Толибон дар Исломобод бо вазири корҳои дохилии Покистон мулоқот кардааст.

Сафорати Афғонистон дар Исломобод, ки дар ихтиёри Толибон аст, рӯзи панҷшанбе дар шабакаи Х (Твиттери пешин) навишт, ки дар мавриди мушкилот дар заминаи ихроҷи маҷбурии муҳоҷирони афғон, ба вижа интиқоли дороӣ ва пулашон дар ҳисобҳои бонкӣ ва озору азияти афғонҳо, аз ҷумла, занон ва кӯдакон аз сӯи низомиёни покистонӣ, дар ин дидор суҳбат шуд".

Дар идома гуфта шудааст, ки вазири корҳои дохилии Покистон ваъда додааст, ки дар бораи интиқоли дороиҳои нақдӣ ва ғайринақдии муҳоҷирони афғон механизми нав ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, гузориш шудааст, ки беш аз 100 шаҳрванди Афғонистон рӯзи панҷшанбе аз сӯи пулис дар шаҳри Карочии Покистон боздошт ва 425 тани дигар дар шаҳри Кветта, маркази вилояти Балуҷистон ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шуданд.

Шуморе аз созмонҳои имдодрасон аз бозгашти муҳоҷирони афғон аз Покистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, ки ин муҳоҷирон ба ёриҳои фаврӣ муҳтоҷанд.

Тасмими ҳукумати Покистон барои ихроҷи ин муҳоҷирон пас аз як силсила бомбгузориҳои интиҳорӣ дар соли ҷорӣ эълон шуд. Ҳукумати Покистон бе пешниҳоди далеле, эълон кард, ки бомбгузориҳо аз сӯи афғонҳо анҷом шудааст. Исломобод ҳамчунин ин муҳоҷиронро ба "қочоқ ва ҳамлаҳои ситезаҷӯёна" муттаҳам кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG