Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 16-19-уми ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқот иштироки 130 варзишгар аз 11 кишвари Осиё дар назар аст.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи наврасон 9 нафар миёни писарон ва 1 нафар миёни духтарон намояндагӣ мекунанд.
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштирок дар қаҳрамонии ҷудои Осиё-2023:
Писарон:
1.Лоиқ Қутбуддинов (-55 кг).
2. Икром Шамсов (-55 кг).
3. Ёсин Бобокалонов (-60 кг).
4. Ворис Назаров (-66 кг)
5. Аминҷон Абдуҷалилзода (-73 кг).
6. Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг).
7. Яҳё Алиев (-90 кг).
8. Аҳмад Табаров (+90 кг).
9. Шоҳмирхурди Бурҳонзода (+90 кг).
Духтарон:
Мадина Қурбонзода (-48 кг).
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон 8 писар ва 3 духтарро сафарбар менамояд:
Писарон:
1. Умар Шеров (-60 кг).
2. Набии Нуралӣ (-66 кг).
3. Суннатулло Исоев (-73 кг).
4. Абубакр Шеров (-73 кг).
5. Суннатулло Лоиқов (-81 кг)
6. Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81 кг).
7. Умедҷон Раҷабов (-90 кг).
8. Музамир Каримзода (-90 кг)
Духтарон:
1. Мадина Қурбонзода (-48 кг).
2. Аҳлия Муъминова (-52 кг).
3. Ҷонона Назарова (-63 кг).
Дар ҳамин ҳол ҷудокорони наврасу ҷавони тоҷик ҳамарӯза дар шаҳри Душанбе, дар бошгоҳи ҷудои "Ҳоҷӣ Шариф", ба тамринҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта шудаанд. Онҳоро мураббиён Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Абдулло Наботов ва Муртазо Носиров машқ медиҳанд.
Гуфтугӯ