Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бозии Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон-2026 бо Урдун доир мешавад


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 аввалин бозиашро бо тими миллии Урдун баргузор мекунад.

Чунонки сомонаи расмии FIFA ( Федератсияи байнулмилалии футбол) хабар додааст, бозӣ миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Урдун рӯзи панҷшанбеи 16-уми ноябри имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.

Тибқи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 ба гурӯҳи G шомил аст ва рақибонаш ба ғайр аз Урдун тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Покистон мебошанд.

Футболбозони тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, аввалин бозиашонро бо мунтахаби Урдун, ки сармураббиаш Ҳусейн Аммута, мутахассиси марокашӣ, мебошад, анҷом медиҳанд.

Дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Урдун дар таърихи худ бо ҳам чаҳор бозӣ кардаанд. Дар се дидор урдуниҳо ва дар як бозӣ футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд:

11-уми июни соли 2015. Бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018. Душанбе. Тоҷикистон – Урдун - 1:3.

13-уми октябри соли 2018. Бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018. Уммон. Урдун – Тоҷикистон - 3:0.

1-уми феврали соли 2021. Бозии дӯстона. Дубай. Тоҷикистон - Урдун – 0:2.

5-уми феврали соли 2021. Бозии дӯстона. Дубай. Тоҷикистон - Урдун – 1:0.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Урдун дар радабандии FIFA дар байни 207 кишвар дар зинаи 82-юм ва Тоҷикистон дар зинаи 109-ум қарор доранд.

Бояд гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2026 аз панҷ марҳила иборат аст. Дар марҳилаи аввал, ки ба анҷом расид, 20 дастаи рейтингашон паст дар радабандии FIFA бо ҳам ду бозӣ карданд ва даҳ тими ғолиб ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт.

Аз он ҷумла мунтахаби Покистон, ки тими Камбоҷаро шикаст дод, ба гурӯҳи G пайваст. Мунтахаби Тоҷикистон бо ин даста 21-уми ноябри имсол дар даври дувум дар сафар рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои боқимондаи ин гурӯҳ соли 2024 доир мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даврҳои севуму чаҳорум бо тими миллии Арабистони Саудӣ 21-уми март дар меҳмонӣ ва 26-уми март дар хона бозӣ мекунад.

Ду бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон 6-уми июн бо дастаи Урдун дар сафар ва 11-уми июн дар Душанбе бо тими Покистон барпо мегардад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи севум роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Дар марҳилаи севум 18 даста бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳи иборат аз шашдастаӣ тақсим хоҳад шуд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ пайдо мекунанд.

Дастаҳое, ки ҷойҳои севуму чаҳорумро мегиранд, дар марҳилаи чаҳорум ба ду гурӯҳи седастаӣ тақсим мешаванд. Дастаҳои ғолиби гурӯҳҳо ба финалистони қаҳрамонии ҷаҳон-2026 мепайванданд.

Ва, ниҳоят, дар марҳилаи панҷуми мусобиқоти интихобӣ ду дастае, ки дар гурӯҳи худ дар даври чаҳорум ҷойҳои дувумро соҳиб мешаванд, бо ҳам рақобат мекунанд. Ғолиб ба бозии байниқитъавии интихобӣ роҳ меёбад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG