Раҷабгул Сафармуродова ҳамроҳ бо фарзандонаш моҳи октябр заминро барои кишти гандум омода мекунад. Дар ин кор ӯ ёвари писараш аст. Ӯ мегӯяд, ҳоло бо трактори навъи А-27 кор мекунад.
Раҷабгул Сафармуродова мегӯяд, сари чанбари трактораш дар кори пахтачинӣ бисёр заҳмат кашидааст. Инчунин таҷрибаи кор дар "трактори дорушапак"-ро ҳам дорад. "Ҳозир камтар кор мекунам, боз бачаҳоям кӯмак мекунанд. Ман чанд навъи трактор рондаам, сечарха чорчарха”, мегӯяд ӯ.
Раҷабгул Сафармуродова, дар ноҳияи Қубодиён бузург шуда, соли 1977 барои кишти заминҳои нав ва қамишзор ба ин ноҳия сафарбар шуд. Аз ҳамон давраҳо номи ӯро ғайрирасмӣ “Холаи тракторчӣ” мегӯянд. Иқрор мешавад, ки то расидан ба ин мартаба роҳи сахтеро пуштисар кардааст, чунки бисёриҳо он давра ҳам кори як занро сари чанбари трактор қабул надоштанд.
Мегӯяд, ронандагӣ дар гармои тоқатфарсои ноҳияи сарҳадӣ душвор набуд, вале муносибати мардум дар солҳои пеш дар зеҳнаш мондааст.
“Ёдам ҳаст, ки як вақт ҷавон будам, занон гуфтанд, ки "занак набояд тракторчӣ бошад", "гуфтанд, убол аст, занак набояд кори мардакӣ кунад”. Мегӯяд, ҳолате буд, ки "сангсорам карданд, вале ман чизе нагуфтам".
Ҳоло санҷидани дурустии ин иддао имкон надорад, вале, ба гуфтаи Сафармуродова, бо вуҷуди гоҳо азияти маънавие, ки кашидааст, аз тарафи колхозу маъмурияти маҳаллӣ дар ноҳия дастгирӣ дидааст ва ҳамин чиз ҳам кӯмак кард, ки "баъд мардум одат карданд, ҳурматам карданд".
Раҷабгул Сафармуродова ҳоло аз кишоварзони номдор дар ҷануби Тоҷикистон аст ва ба занони кишоварзи минтақа шеваи корро меомӯзад ва аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ ҳам қадрдонӣ шудааст. Ҳоло ӯву корашро чун намунаи ибрат дар маъракаву чорабиниҳо муаррифӣ мекунанд.
Дар бораи шароити имрӯзаи кори кишоварзон ӯ назари худро дорад. Мегӯяд, ҳар давра як мушкиливу сабукии худро дорад, имрӯз "сӯзишворӣ қимат, дору қимат, барои ҳамин кам-кам азоб мекашем, барои ҳамин ҳосил хуб намешавад, бе дору ҳам намешавад, пул лозим аст, ҳоло кор душвортар шудааст.”
Бо вуҷуди мушкил дар арсаи кишоварзӣ, ки ӯро ба ташвиш овардааст, талош дорад, масоҳати заминашро бештар кунад. Раҷабгул Сафармуродова ба таҷрибаи ғании андӯхтааш такя намуда, боварии комил дорад, ки метавонад душвориҳоро паси сар кунад.
Гуфтугӯ