Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Узбекистон дар роҳи Кобул. "Қӯштеппа"-и Толибон ба Тоҷикистон ҳам таъсир дорад? ВИДЕО


Ҳукумати Узбекистон барои гуфтугӯ дар робита ба наҳри "Қуштеппа", ки аз сӯи гуруҳи Толибон дар Афғонистон бунёд мешавад, ҳайатеро ба Кобул мефиристад. Сохтмони ин канал дар Афғонистон, дар Узбекистон ва Туркманистон нигарониеро аз камбуди эҳтимолии об дар минтақа ба миён овардааст.

Коршиносони тоҷик ҳам бар инанд, ки гирифтани қисме аз оби рӯдхонаи Ому ҳаққи Афғонистон аст ва кишварҳои дигарро зарур аст ба истифодаи оқилонаи об рӯ оваранд. Ин хабар ҳам паҳн мешавад, ки Узбекистон ва Туркманистон пешниҳод доранд, ки аз аз рӯдхонаи Ому ба воситаи қаламрави Тоҷикистон то ба Туркманистон канали дигаре бунёд карда шавад.

"Меравем ва суҳбат мекунем"

Улуғбек Қосимов, раиси вилояти Сурхандарёи Узбекистон 17-уми октябр дар суҳбат бо расонаи “Газета.уз” хабар додааст, ки барои омӯзиши вазъ атрофи наҳр бо дастури президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев ҳайати ҳукуматӣ ташкил мешавад ва он ба Афғонистон сафар мекунад.

"Агар мо равем, ҳатман ин масъаларо матраҳ мекунем. Дар ҳоли ҳозир масъалаи замони анҷоми сафари ҳайат ба Афғонистон баррасӣ мешавад. Ба он ҷониб нома фиристода шудааст”, - изҳор доштааст ӯ.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

“Қӯштеппа”-и Толибон ба Тоҷикистон таъсир дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:21 0:00

Наҳр ё канали мазкур аз вилоятҳои Ҷузҷон ва Фарёб мегузарад, ки ин ду вилоят бо Туркманистон ҳаммарз ҳастанд. Бино ба тарҳи сохтмон, дарозии наҳр 285 км, паҳноии он 100 метр ва умқаш 8 метр хоҳад буд. Ҳукумати Толибон нақша дорад, ки наҳри мазкурро давоми 5 сол созад.

Аз ҳоло огоҳиҳо садо медиҳанд, ки баъди ба истифода додани наҳр аз се як ҳиссаи оби ҳавзаи Омударё ба минтақаҳои шимоли Афғонистон меравад ва дар натиҷа кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Туркманистону Узбекистон гирифтори камбуди бештари об мешаванд.

Афғонистон бояд чӣ қадар об гирад?

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои шӯравӣ мизони масрафи оби рӯдхонаи Омуро таҳия ва танзим карда буданд. Аммо Афғонистон, ки даҳсолаҳо боз гирифтори ҷангҳо мебошад, то ба ҳол ба ин тавофуқот напайвастааст. Ҳарчанд то сӣ дарсади оби ин рӯдхона аз куҳсори Афғонистон сарчашма мегирад.

Ҳомидҷон Орифов
Ҳомидҷон Орифов

Ҳомидҷон Орифов, коршиноси масоили об дар Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавзуъро омӯхтааст. Мегӯяд, соли 1946 Иттиҳоди Шӯравӣ бо Афғонистон шартномаеро имзо кард, ки бар асоси он Кобул ҳақ дорад аз рӯдхонаи Ому нуҳ кубокилометр об бигирад. Вале ба гуфтаи Орифов, Афғонистон аз ин дарё танҳо 2,1 кубокиломерт об мегирад.

“Ин гӯё саҳми Афғонистон дар тақсими оби ин рӯдхона буд. Ҳама медонем, ки дар Афғонистон тақрибан чил сол боз ҷангҳо идома доранд ва чӣ тавр ин кишвар метавонист саҳмияи пурраи оби худро бигирад? Тӯли ин солҳо ҳатто саҳмияи худро ба пуррагӣ наметавонист бигирад. Обро аз Ому асосан Туркманистону Узбекистон мегирифтанд, Тоҷикистон ҳам наметавонист бигирад,"-мегӯяд мутахассиси тоҷик.

Пешниҳод барои сохтани канал аз хоки Тоҷикистон

Шавкат Мирзиёв, раиси ҷумҳури Узбекистон дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Бунёди наҷоти баҳри Арал, ки сентябри имсол дар Душанбе баргузор шуд, ,, ки ҳокимони феълии Кобул ба гуфтугӯҳо дар масъалаи оби минтақа бояд ҷалб карда шаванд.

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ

Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори тоҷик, ки масоили марбут ба Афғонистонро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, баъд аз анҷоми ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви Бунёди наҷоти баҳри Арал бархе аз манбаҳояш дар мақомоти тоҷик гуфтаанд, дар ин ҷаласа кишварҳои минтақа пешниҳодҳои дигаре низ ироа кардаанд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Иршод Сулаймонӣ, ду кишвари поёноби рӯдхонаи Ому ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки алорағми канали “Қуштеппа”, аз рӯдхонаи Ому дар ҳудуди вилояти Хатлони Тоҷикистон то ба Туркманистон канали бузурге бунёд шавад. Феълан тасдиқи ин хабар аз манбаҳои дигар ғайриимкон аст. Дар посух ба ин савол, ки оё бунёди чунин канале боиси ворид шудани Тоҷикистон ба низоҳои обӣ дар минтақа намешавад, Иршод Сулаймонӣ гуфт:

“Албатта ин кор аз лиҳози амниятӣ нигарониҳои зиёдеро дар паҳлӯи нигарониҳои дигари амниятӣ барои Тоҷикистон ба бор меорад. Зеро Тоҷикистон дар хати муқаддами хатари ба истилоҳ терроризму экстремизм, ки аз Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид мекунад, қарор дорад.”

Аммо Аҳмад Бориз, муассиси Маркази мутолеоти роҳбурдии Афғонистон дар Оксфорди Бритониё ба ин аст, ки ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон дар мавриди канали “Қуштеппа” ҳамкорӣ бо Толибон нест. Зеро, ба эътқоди ин таҳлилгар канали “Қуштеппа” беҳбуди зиндагии сокинони оддии Афғонистон ҳадафи ин тарҳ мебошад. Бо ин вуҷуд, ҷаноби Бориз хостори “сабру таҳаммул” дар бархурд бо мақомоти толибонии Афғонистон мебошад.

Ба бовари ин коршинос, то ин вақт баҳраи бештаринро аз оби дарёи Ому кишварҳои поёноб истифода бураднд.

“Қонунҳои ҷаҳонӣ дар мавриди об барои кишварҳои сароб ҳақи вижа қоил аст. Баҳси канали “Қуштеппа”-ро мо набояд ба Толибон рабт бидиҳем... Мо набояд сохтмони ин каналро пружаи толибонӣ бидонем. Дӯстону ҳамсояҳои мо ҳақ доранд нигаронӣ кунанд, вале на аз пружа, балкӣ аз худи Толибон. Зарфияти канали “Қуштеппа” метавонад то ҳашт дарсади оби Омуро бигирад.”

Роҳи ҳал чист?

Бештаре аз соҳибназарони тоҷик мегӯянд, ки мавриди истифода қарор гирифтани канали “Қуштеппа” умеди сокинони Осиёи Марказӣ барои наҷоти баҳри Аралро ва зиндагии беҳтарро аз байн мебарад. Зеро, солҳои ахир оби рӯдхонаи Ому то ба ин баҳр тақрибан намерасад.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик бовар дорад, ки мушкил на дар канали “Қуштеппа”, балки дар низоми қадимаи обёрӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Ба таъкиди ин коршинос, “бояд низоми обёрӣ комилан тағйир дода шуда, ҳамаи кишварҳо ба обёрии қатраӣ гузаранд. Бе ин кор ҳалли мушкилоти камбуди об дар Осиёи Марказӣ ва наҷоти баҳри Арал ғайриимкон аст.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG