Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳамлаҳои Русия ба Украина дар авҷи бӯҳрони Ғазза. Путин аз "пешравиҳо" хабар дод


Дар ҳоле, ки таваҷҷуҳи ҷаҳон ба бӯҳрони "Ҳамос" ва Исроил дар Ховари Миёна нигаронида шудааст, раиси ҷумҳури Русия аз пешравии нерӯҳои ин кишвар ва ишғоли минтақаи бештаре аз Украина хабар дод.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи якшанбеи 15-уми октябр дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиони давлатии ин кишвар гуфт, ки артиши Русия пешравиҳое, аз ҷумла дар минтақаи саноатии Авдиявка дар Донетск доштааст.

Ӯ гуфтааст, ки нерӯҳои мо дар ҳама минтақаҳо ба таври "сареъ ва густурда" дар ҳоли пешравӣ ҳастанд. "Ин минтақаҳо шомили Авдиявка, Купянск ва Запороже аст".

Нерӯҳои украинӣ ҳам рӯзи шанбе эълон карда буданд, ки ҷангҳои сахте дар минтақаи Авдиявка дар ҷараён аст, аммо тавонистаанд мавзеъҳои худро ҳифз кунанд.

Фармондеҳи нерӯҳои заминии артиши Украина, ки барои боздид аз ҷабҳаи ҷанг ба минтақаи шарқии кишвар рафта буд, рӯзи шанбе гуфт, вазъият тайи рӯзҳои гузашта "ба таври қобили таваҷҷуҳе" бадтар шудааст.

Аз замони рӯёрӯии "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр, Русия ҳамлаҳои низомӣ ба Украиро бештар кардааст ва тибқи гузоришҳо, Русия аз паҳбодҳои сохти Эрон дар ҳамлаҳо ба минтақаҳои истиқоматӣ ва зербиноҳо дар шарқ ва ҷануби Украна ба таври густурда истифода мекунад.

Минтақаи Авдиявка як рамзи муқовимат дар баробари ҳуҷуми Русия аст. Дар ҷанги соли 2014, ки боиси ишғоли нимҷазираи Қрим шуд, ин минтақа барои муддати кутоҳе ба ишғоли низомиёни Русия даромад, аммо дубора озод шуд ва ба намоди муқовимати мардуми Украина табдил шуд.

Ҳамакнун танҳо 1600 нафар аз аҳолии 31-ҳазорнафарии Авдиявка дар даврони қабл аз ҷанги феврали соли 2022, дар минтақа боқӣ мондаанд ва бо вуҷуди ҳамлаҳои пайдарпайи Русия, муқовимат мекунанд.

Виталий Барабаш, раиси ин шаҳр рӯзи шанбе эълон кард, вазъ ниҳоят печида аст ва русҳо талош доранд ин шаҳрро бо нерӯҳои бештар муҳосира кунанд.

Дар нуздаҳ моҳи гузашта ҳамлаҳои зиёде ба ин шаҳр анҷом шуд, аммо суқут накардааст.

Артиши Украина эълом кард, ҳамлаҳои рӯзи якшанбеи Русия ба ин шаҳр баргардонида шуданд. Бархе таҳлилгарон низ бо такя ба аксҳои моҳвораӣ аз талафоти сангини нерӯҳои русӣ дар ҳамла ба ин шаҳр хабар додаанд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ахиран гуфт, бо вуҷуди танишҳо дар Ховари Миёна, муттаҳидони Киев аз ҷиддӣ будани Русия барои идомаи ҷанг дар Украина огоҳанд ва ба ҳимояти худ аз Украина идома медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG