Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати боздошти Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам


Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам ҳангоми рӯнамоии китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман". Шаҳри Душанбе, 19-уми марти 2023
Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам ҳангоми рӯнамоии китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман". Шаҳри Душанбе, 19-уми марти 2023

Мақомоти тафтишотии Додситони кулли Тоҷикистон муҳлати таҳқиқоти парвандаҳои мудири беморхонаи "Ибни Сино" Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" ва Абдуқодири Рустам - нависанда ва муҳаққиқ, масъули шӯъбаи кадрҳои бемористони "Ибни Сино"-ро то ду моҳи дигар тамдид кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин бора хабар надодааст ва рӯзи 13-уми октябр ҳеҷ нафаре дар дафтари матбуоти ин ниҳод ба зангҳо посух надод. Вале чанд манбаъи огоҳ аз ҷараёни тафтишот рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба хотири тафтишоти иловагӣ барои мушаххас кардани дороиҳои Абдухалили Холиқзода ҳамчун соҳибкор муҳлати тафтишот то 10-уми декабр дароз карда шудааст.

Як манбаъи наздик ба Додситонии кулли Тоҷикистон ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, мақомоти тафтишотӣ дар муддати ду моҳи дигар мехоҳанд амволи ғайриманқули Холиқзодаро дар хориҷи Тоҷикистон рӯйхат кунанд. Рӯшан нест, ба ҳисоб гирифтани дороӣ бо айбномаи расмӣ, ки "барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароӣ" аст, чӣ рабт дорад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳагӯз бо ҳабс шудани Холиқзода мегуфтанд, ҳадафи аслӣ ғасби моликияти ӯст.

Муаллифи "Ҳаводиси рӯзгори ман" Абдухалил Холиқзода 7 августи соли равон боздошт шуда буд. Мақомот дар ин бора танҳо 15 август дар нишасти хабарӣ хабар доданд. Охири август нависанда ва адабиётшиноси шинохта Абдуқодири Рустам низ боздошт ва ҳамчунин ба "барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароӣ" гумонзад шуд. Ҳарду боздоштшуда ин иттиҳомро рад мекунанд.

Абдуқодири Рустам яке аз муҳаррирони "Ҳаводиси рӯзгори ман" дониста мешавад, ки моҳи марти имсол ба нашр расид. Рӯзи 13 октябр ба муносибати 65-солагии ӯ бисёр корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ зодрӯзашро ҷашн гирифтанд ва бархе аз онҳо дар номаҳое аз мақомоти Тоҷикистон озодии нависандаро тақозо карданд.

Мунаққидони боздошти Холиқзода ва Рустам ин қазияро як намунаи барҷастаи саркӯби озодии баён ва андеша дар Тоҷикистони имрӯза меноманд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG