Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» тими Фаластинро бо ҳисоби 6:1 шикаст дод, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард.

Чаҳор голи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров, Баҳодур Хоҷаев, Самандар Ризомов ва Муҳаммадҷон Шарипов ба самар расонданд. Боз ду голи дигарро футзалбозони Фаластин ба дарвозаи худ заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «Е» мунтахаби Мянмар ба дастаи Ҳиндустон бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо ширкати чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ - Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон – ҷараён дорад.

Бояд гуфт, ғолибони ҳашт гурӯҳ, инчунин ҳафт дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2024, ки аз 15-ум то 26-уми апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 6:3 шикаст дода буд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Мянмар бар тими Фаластин бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Дастаи Тоҷикистон дар даври севум ва ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Мянмар бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи 11-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Аммо новобаста аз натиҷаи бозии охирин дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Мянмар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфтанд. Дар бозии охирин футзалбозони тоҷик бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов муқобили дастаи Мянмар барои дар гурӯҳ ғолиб шудан талош мекунанд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024

Гурӯҳи «Е»

Тоҷикистон

Мянмар

Фаластин

Ҳиндустон

Даври 1-ум

7-уми октябр (шанбе)

Мянмар – Фаластин – 2:1

Тоҷикистон Ҳиндустон – 6:3

Даври 2-юм

9-уми октябр (душанбе)

Ҳиндустон – Мянмар – 2:5

Фаластин Тоҷикистон – 1:6

Голҳо: Имод Фаҳҷан, 11 – ба дарвозаи худ (0:1). Самандар Ризомов, 15 (0:2). Баҳодур Хоҷаев, 25 (0:3). Файзалӣ Сардоров, 28 (0:4). Мусо Ҳарара, 32 (1:4). Муҳаммадҷон Шарипов, 37 (1:5). Аҳмад Муҳаммад, 39 – ба дарвозаи худ (1:6).

Беҳтарин бозигари дидор: Файзалӣ Сардоров (Тоҷикистон).

9-уми октябр. Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиш обӣ, 1600 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

12-4

6

2.

Мянмар

2

2

0

0

7-3

6

2.

Ҳиндустон

2

0

0

2

5-11

0

4

Фаластин

2

0

0

2

2-8

0

Даври 3-юм

11-уми октябр (чоршанбе)

16:00 – Фаластин – Ҳиндустон

19:00Тоҷикистон – Мянмар

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG