Тоҷикистон хоҳони ҳарчи зуд поён додан ба хушунатҳо миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 8-уми октябр дар баёнияе гуфт, "зӯровариро қатъиян маҳкум карда", барои "ба эътидол овардани вазъ" тарафҳоро ба муколама мехонад.
Масъулони вазорат аз ҳеч кишвар ё гурӯҳе ном нагирифтаанд.
Як рӯз пеш, 7-уми октябр, гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба ҷануби Исроил ҳамла кард ва даргирии ду ҷониб то кунун идома дорад.
Расонаҳои Исроил рӯзи 8-уми октябр гузориш доданд, ки талафоти ин кишвар ба 600 кас расидааст, аммо тасдиқи расмии он нест.
Мақомоти Фаластин дар бораи кушта шудани беш аз 300 фаластинӣ гузориш доданд.
"Бошиддат муташанниҷ шудани вазъ дар Ховари Миёна, ки боис ба талафоти ҷонӣ миёни мардуми осоишта ва тахриб шудани миқдори зиёди иншооти иҷтимоию инфрасохторӣ гаштааст, нигаронии амиқро дар Тоҷикистон ба бор овард," - гуфта шудааст дар баёнияи ВКХ-и Тоҷикистон.