Бозии даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» миёни ноибони қаҳрамонҳои Туркманистону Тоҷикистон шоми имрӯз, 5-уми октябр, дар варзишгоҳи «Ашхобод» соати 21:00 оғоз меёбад. Мизбонон бо пероҳанҳои сафед ва меҳмонон бо пероҳанҳои сурх ба майдон меоянд.
Тоҳирҷон Муъминов, сармураббии «Равшан», дар нишасти матбуотӣ, ки дар арафаи бозӣ муқобили “Алтин Асир” доир гардид, ба хабарнигорон гуфт, “мо, ки дар бозии аввал дар майдони худ бо бошгоҳи “Марв”-и Туркманистон аз ду имтиёз бенасиб мондем, дар бозӣ бо “Алтин Асир” танҳо бо мақсади пирӯз шудан вориди майдон мешавем. Зеро вазифаи мо дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC ба даври баъдӣ роҳ ёфтан аст”.
Сармураббии бошгоҳи “Алтин Асир” Язқулӣ Хоҷагелдиев низ дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки дар бозӣ муқобили “Равшан” дар майдони худ танҳо барои ғалаба талош хоҳанд кард. Вай афзуд, “мо ба бозӣ омодагии ҳамаҷониба дидем, зеро ин бозии хеле муҳим аст. Ҳамаи футболбозон омодаанд ба майдон бароянд. Мо кӯшиш мекунем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем, вале, мутаассифона, ин ба мо на ҳама вақт муяссар мешавад».
Дарвоқеъ, “Алтин Асир” дар даври аввал дар меҳмонӣ аз дастаи “Абдиш Ота”-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд.
Дастаи «Равшан» аввалин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» бо бошгоҳи «Марв»-и Туркманистон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дода буд.
Бозии дигари даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» имрӯз, 5-уми октябр, миёни дастаҳои «Марв» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) доир мегардад.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Абдиш-Ота” бо касби се имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст. Дастаҳои “Равшан” ва “Марв” бо якимтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум мебошанд. “Алтин Асир” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Бар асоси дастури Ҷоми AFC аз гурӯҳ танҳо дастаи ғолиб ба даври баъдӣ роҳ меёбад.
Ҷоми AFC-2023/24
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»
«Равшан» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон)
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)
«Марв» (Туркманистон)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Марв» (Туркманистон) – 0:0
«Равшан» (Тоҷикистон): Евгений Гритсенко, Холмурод Назаров (капитан ё сарвони даста), Самуэл Офори, Муҳаммадҷон Насков, Раҳматшо Раҳматзода, Айдан Окран, Масрур Қиёмиддинов (Тоҳир Малодӯстов, 69), Ҷозеф Акомади, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Эммануэл Маабуах, Амирҷон Сафаров (Акобир Тураев, 78).
21-уми сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 6750 тамошогар.
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 3:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-0 |
3 |
2. |
«Равшан» (Тоҷикистон) |
1 |
0 |
1 |
0 |
0-0 |
1 |
2. |
«Марв» (Туркманистон) |
1 |
0 |
1 |
0 |
0-0 |
1 |
4 |
«Алтин Асир» (Туркманистон) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-3 |
0 |
Даври 2-юм
5-уми октябр (панҷшанбе)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)
«Марв» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)
Даври 3-юм
26-уми октябр (панҷшанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)
«Марв» (Туркманистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
Даври 4-ум
9-уми ноябр (панҷшанбе)
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Марв» (Туркманистон)
Даври 5-ум
30-юми ноябр (панҷшанбе)
«Марв» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
14-уми декабр (панҷшанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Марв» (Туркманистон)
Гуфтугӯ