Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаро дастони маро бастед?" Идомаи шикояти муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО


Акс аз наворҳои фиристодаи муҳоҷирон
Акс аз наворҳои фиристодаи муҳоҷирон

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Перми Русия гуфтанд, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр онҳоро дар бозори мева латукӯб ва таҳқир кардаанд. Шикоятҳои ба ин монанд аз Маскав ҳам расид. Мақомот вазъиятро шарҳ надодаанд.

Ба гуфтаи яке аз муҳоҷирони шоҳиди ҳодиса, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр ва баъд аз намози ҷумъа ба ҷойи корашон ба бозори мева даромада, чанд нафарро боздошт ва латукӯб карданд.

Дар наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, се маъмури милиса бо либосҳои вижа муҳоҷиронро ба замин хобондаанд. Дар навор садои электрошокер ҳам шунида мешавад. Муҳоҷирон аз тарси боздошт нашудан, ҳодисаро то охир сабт накардаанд.

Муаллифи навор ба шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми октябр гуфт, “муҳоҷиронро бо мошинҳо савор карда, нимашонро дар ҷангал фароварда, таҳқир карданд. Онҳое, ки хостанд ҳодисаро ба навор гиранд, латукӯб шуданд, нагузоштанд сабт кунем.”

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Таъқиби муҳоҷирон дар Русия кам нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Айни навори латукӯби муҳоҷирон аз шаҳри Маскав ҳам ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Дар видео дида мешавад, ки се корманди пулис як нафарро зӯран ба замин хобонда, қасди боздошти ӯро доранд. Муаллифи навор гуфт, ҳодиса дар назди яке аз метроҳои Маскав иттифоқ афтод.

"Баҳс бар сари тафтиши санадҳо сар зад ва муҳоҷир нахост, ки ӯро ба идораи пулис баранд," -- нақл кард ҳамсуҳбати мо. Дар навор муҳоҷир хитоб ба маъмурони пулис ва бо забони русӣ мегӯяд, ки “шумо чӣ кор мекунед, чаро дастони маро мебандед?”

Маскав, 28-уми майи 2023
Маскав, 28-уми майи 2023

Бадрафторӣ нисбат ба муҳоҷирон дар Русия ҳодисаи нав нест. Чунин шикоятҳо дар моҳҳои май ва июни имсол якбора зиёд шуд.

Аз ҷумла, навори латукӯб ва боздошти муҳоҷирон дар як майдони варзишӣ дар моҳи май вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Як шикояти муҳоҷирон ин аст, ки кормандони пулиси Русия бисёр вақт бидуни сабаби дақиқ муҳоҷиронро тафтиш ва таҳқир мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонунгузории Русия мушаххас кардааст, ки пулис дар кадом ҳолат ҳақ дорад, санадҳои шаҳрванд аз ҷумла муҳоҷиронро тафтиш кунад.

Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, гуфт, дар ин ҳолатҳо пулиси Русия ҳақ дорад, санади муҳоҷиронро тафтиш кунад: "Агар дар бораи содир шудани ҷиноят маълумот дошта бошад. Масалан ягон шахси қадбаланд ҷиноят карду гурехт, пулис метавонад ҳар шахси қадбаландро нигоҳ дошта, ҳуҷҷаташро тафтиш намояд. Ҳангоми будани далел, ки шахс дар кофтукоб аст. Ҳангоми содир кардани қонунвайронкунии маъмурӣ. Агар амалиёти махсус барои тафтиши будубоши муҳоҷирон оғоз шуда бошад."

Сарфи назар аз нигарониҳои муҳоҷирон ва ҳам мақомоти Тоҷикистон, ҳеч яке аз ин ҳодисаҳо ё таҳқиқ нашудаанд ё ҳадди ақал дар бораи ҷазо гирифтани маъмурони пулис хабаре нашр нашуд. Вазъе, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, боиси зиёдтар шудани чунин бадрафториҳо мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG