Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду роҳхати варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024


Варзишгарони тоҷик Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин дар риштаи бокс бомуваффақият ҳунарнамоӣ доранд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардиданд.

Рӯзи 1-уми октябр Миҷгона Самадова дар мусобиқаи занон дар вазни то 57 кило дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Сатсуки Ёшизава аз Ҷопон дастболо шуд ва ба нимфинал баромад. Ҳамакнун муштзани тоҷик рӯзи 4-уми октябр бо Карина Иброҳимова аз Қазоқистон рақобат мекунад.

Миҷгона дар даври аввал бар намояндаи Ветнам Нгуйен Ҳуен Тран бо ҳисоби 5:0 ғолиб шуда буд. Бояд гуфт, Миҷгона Самадова, ки аввалин шуда дар байни варзишгарони тоҷик соҳиби роҳхати олимпӣ гардид, дар Бозиҳои осиёии Ҳангжоу -2022 дасти кам бо нишони биринҷӣ сарфароз мешавад.

Давлат Болтаев бошад, дар мусобиқаи мардон дар вазни то 92 кило дар даври ниманиҳоӣ бар Ҷаеминг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар финал рӯзи 3-юми октябр бо Ҳан Ҳуежен аз Чин барои медали тилло талош хоҳад кард.

Қаблан Болтаев дар аввалин рақобати худ бар Арслонбек Очилови туркман дар раунди дувум бо нокаут пирӯз шуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ Эркин Одилбек Уулуи қирғизро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо карда буд.

Ба ин тартиб, аз 13 варзишгари тоҷик дар риштаи бокс танҳо ду нафар – Давлат Болтаев ва Миҷгона Самадова - муборизаро идома медиҳанд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 19-уми осиёии Ҳангжоу-2022 чаҳор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) гирифтаанд. Се медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба риштаи ҷудо ва яктоаш ба кураш марбут аст.

Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали тилло ба даст оварда буд. Темур Раҳимов дар вазни +100 кило медали нуқра гирифт. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ шуд. Хайрандеш Муродзода дар риштаи кураш дар вазни то 66 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар байни 36 кишваре, ки дар ин бозиҳо медал гирифтаанд, аз рӯи сифати нишонҳо дар ҷои 21-ум ва аз рӯи теъдоди медалҳо дар ҷои 22-юм қарор дорад.

Дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин то рӯзи 8-уми октябр идома меёбад, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон беш аз 100 варзишгар дохил аст.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар 18 намуд ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрадор, медали нуқра – дуҳуҷрадор ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрадор тақдим мегардад.

Бояд тазаккур дод, Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шурӯъ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ҳоло 31 медал гирифтааст, ки 5-тоаш нишони тилло, 7-тоаш нуқра ва 19-тоаш биринҷӣ мебошад. Аз панҷ медали тилло сетоашро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва як ададиро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо ба даст овардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG