Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" барои бозӣ бо "Ал-Наср" ба Саудӣ меравад 


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе барои баргузор кардани бозии даври дувуми марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо бошгоҳи "Ал-Наср"-и Риёз шаби 29-ум ба 30-юми сентябр ба Арабистони Саудӣ меравад.

Бозии даври дувуми мусобиқот миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» рӯзи 2-юми октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал»-и шаҳри Риёз соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 23:00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад. Зимнан, дар ҳайати “Ал-Наср” дурахшонтарин ситораи футболи ҷаҳонӣ португолӣ Криштиану Роналду бозӣ мекунад.

Довари FIFA Ко Ҳюнг Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ сардовари ин бозӣ таъйин шудааст.

Бозии дигари даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Ал-Дуҳайл”-и Қатар ва “Персеполис”-и Эрон 2-юми октябр дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифаи шаҳри Давҳа барпо мегардад. Ин бозӣ низ соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 23:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввали мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо се имтиёз дар мақоми аввал аст. “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. “Персеполис” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17500 тамошогар.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ. Бе тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

1

1

0

0

2-0

3

2

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

1

0

1

0

0-0

1

3

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

1

0

1

0

0-0

1

4

«Персеполис» (Эрон)

1

0

0

1

0-2

0

Бозиҳои “Истиқлол” дар моҳи октябр:

Даври 2-юм

2-юми октябр (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 23:00 ба вақти Душанбе

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 3-юм

24-уми октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 21:00 ба вақти Душанбе

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

XS
SM
MD
LG