Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев гуфт, Қазоқистон аз даъвоҳои ҳудудии Русия нигарон нест


Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар ҷараёни сафараш ба Олмон гуфт, Остона дар робита ба даъвоҳои ҳудудӣ аз ҷониби Русия нигаронӣ надорад.

"Хати марз миёни Қазоқистон ва Русия муайян ва то ба ҳадди назаррас нишонагузорӣ шудааст. Он тасдиқ ва аз сӯи порлумонҳои ҳар ду кишвар тасвиб гаштааст. Бинобар ин, мо дар робита ба даъвоҳои ҳудудӣ аз сӯи Русия нигаронӣ надорем", - изҳор доштааст Тоқаев дар видеое, ки дар саҳифаи @smotri_media дар Телеграм нашр шудааст.

Вай ҳамчунин афзуда, ки Қазоқистон таҳримҳоро алайҳи Русия "қатъан риоя хоҳад кард".

Қазоқистон ва Русия 7500 километр марз доранд. Русия охирин ҳамсоякишвар буд, ки Қазоқистон бо он дар масъалаи марз ба созиш расид. Созишномаи таъйини сарҳад миёни ду кишвар соли 2005 ба имзо расидааст. Аломатгузории хати сарҳад ҳанӯз ба поён нарасидааст.

Тоқаев рӯзи 28-уми сентябр дар доираи як сафари расмӣ ба Олмон рафт. Қарор аст, ӯ 29-уми сентябр дар вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок кунад.

XS
SM
MD
LG