Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Чин


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷараён дорад, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 45 кишвар дар ҷойи 19-ум ва аз ҷиҳати теъдоди медалҳо дар ҷойи 21-ум аст.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот то ҳоло варзишгарони 33 кишвар медали бозиҳоро ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 21 кишвар нишони тилло гирифтаанд.

Мунтахаби Чин бо касби 153 медал (83 тилло, 46 нуқра ва 24 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 76 медал (20 тилло, 20 нуқра ва 36 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Ҷопон бо касби 67 медал (16 тилло, 27 нуқра ва 24 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор доранд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Узбекистон (6-10-14), Ҳиндустон (6-8-10), Тайланд (6-3-9), Ҳонконг (5-9-14), Эрон (3-9-9), Қазоқистон (3-3-13) ва Индонезия (3-3-10) дохиланд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Узбекистону Қазоқистону Тоҷикистон, Қирғизистон як медали тилло ва ду биринҷӣ (ҷойи 21-ум), инчунин Туркманистон 1 медали биринҷӣ (ҷойи 33-юм) гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали тилло ба даст овард. Темур Раҳимов дар вазни +100 кило медали нуқра гирифт. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ шуд.

Ҳамин тариқ, ҳарсе медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо марбут аст.

Муштзанҳои тоҷик Асрор Воҳидов (-57 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг), Давлат Болтаев (-92 кг) дар рақобатҳо миёни мардон ва Рӯҳафзо Ҳақназаров (-50 кг) др сабқати занон дар даври аввал муваффақ шуданд.

Асрор Воҳидов, ки бар Сулия Хамми аз Лаос ғолиб омад, дар даври баъдӣ 30 -юми сентябр бо Салим Ҳусайн аз Бангладеш рақобат хоҳад кард. Муҳаммад Аброриддинов, ки дар нахустин нерӯсанҷӣ бар Муҳаммад Алхефити аз Имороти Муттаҳидаи Араб ғалабаи техникӣ ба даст овард, 30-юми сентябр бо Баҳодур Ҷалолов аз Узбекистон қувваозмоӣ мекунад. Давлат Болтаев, ки рақибаш Арслонбек Очилови туркманро пеш аз муҳлат, дар раунди дувум бо нокаут шикаст дод, ба даври навбатӣ роҳ ёфт. Болтаев дар ҳаштякфинал 29-уми сентябр бо Эркин Одилбек Уулу аз Қирғизистон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Руҳафзо Ҳақназарова, ки дар рақобатҳо миёни занон дар даври аввал ба намояндаи Индонезия Новита Синадиа бо ҳисоби 4:1 дастболо шуд, дар даври ҳаштякниҳоӣ 29-уми сентябр бо Раксат Чутхамат аз Тайланд қувва меозмоял.

Вале муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило 27-уми сентябр ғайричашмдошти коршиносон шикаст хӯрд. Ӯ дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Йертуган Зейнуллинови қазоқ бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Қаблан муштзанҳои тоҷик Меҳрон Шафиев (51 кг), Довуд Маҳкамов ( 71 кг) , Бибинишастамо Холова (60 кг) ва Нигора Олимова (54 кг) дар даври муқаддамотӣ мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашта буданд.

Дастаи мунтахаби тенниси Тоҷикистон мусобиқаро дар Бозиҳои осиёии Ҳангжоу-2022 ба анҷом расонд. Дар рақобатҳо теннисбозони тоҷик Сумая Тухтаева, Бахтиёр Исроилов, Собир Саидов, Фирӯз Муҳиддинов ва Суннатулло Исроилов ноком шуданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин то рӯзи 8-уми октябр идома меёбад, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар 18 намуд ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ба назари коршиносон, варзишгарони тоҷик боз дар риштаҳои бокс, куштии озод ва юнонию румӣ, ҷиу- ҷитсу, варзиши сабук, каратэ ва кураш имкони медал гирифтанро доранд.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бояд тазаккур дод, Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шурӯъ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ҳоло 30 медал гирифтааст, ки 5-тоаш нишони тилло, 7-тоаш нуқра ва 18-тоаш биринҷӣ мебошад. Аз панҷ медали тилло сетоашро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва як ададиро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG