Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: Комёб Файзуллоро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд


Комёб Файзуллои 18-сола
Комёб Файзуллои 18-сола

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе қарори ҳабси Комёб Файзулло, писари Файзулло Машраб, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русияро баровардааст.

Ӯро гумонбари садамае медонанд, ки шаби 21-уми сентябр дар Душанбе рӯй дод ва боис ба марги овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов гардид. Хонаводаи Комёб Файзулло то ҳол дар бораи ҳодиса ибрози назар накардаанд.

Як манбаи боварбахш дар Додситонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "Комёб Файзулло бегоҳи 22-юми сентябр муваққатан дастгир шуда, имрӯз, 25-уми сентябр, бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд."

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, нисбат ба Комёб Файзулло бар асоси қисми дуи моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст) иттиҳом эълон кардаанд. Ин банди қонун то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мақомот ба ҷуз хабари расмӣ дар бораи садама иттилои дигар надодаанд.

Аз иштирокдори дигари садама Оятулло Аҳтамзодаи 19-сола ном мебаранд. Дар бораи ӯ маълумот нест.

Овозхон Некрӯз Ниёзовро, ки дар садамаи шаби 21-уми сентябр ҷон бохт, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шуғнони Бадахшон, дафн карданд. Вай бештар дар пайравии мактаби ҳунарии Муборакшо Мирзошоев ва Далер Назаров тарона мехонд.

Соле пеш Дамирбек Олимов, овозхони 33-сола дар тасодуфе дар роҳи Хуҷанд-Сомғор ҷонашро аз даст дод. Қабл аз он дар як садамаи пурсарусадо дар моҳи августи соли 2020 овозхони маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид.

XS
SM
MD
LG