Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни кобус. Озодии панҷ амрикоӣ аз зиндони Эрон. ВИДЕО


Табодули зиндониён миёни Амрико ва Эрон пас аз моҳҳо музокираҳои пинҳонӣ ба даст омадааст
Табодули зиндониён миёни Амрико ва Эрон пас аз моҳҳо музокираҳои пинҳонӣ ба даст омадааст

Панҷ амрикоии эрониасл пас аз раҳоӣ аз зиндоне дар Эрон рӯзи 19-уми сентябр ба Вашингтон расида, аз озодӣ ва поёни кобус ё шаби ваҳшатнок ибрози хушҳолӣ карданд.

Озодии онҳо дар ивази раҳоии панҷ эронӣ аз маҳбасҳои Иёлоти Муттаҳида ва дастрасии Теҳрон ба 6 миллиард доллари бандмондааш имконпазир шуд.

Ҷо Байден, президенти Амрико, дар эъломияе гуфт, “имрӯз панҷ амрикоии бегуноҳ, ки дар Эрон зиндонӣ буданд, билохира ба хона бармегарданд.” Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон, табодули маҳбусонро иқдоми башардӯстона хонд.

Дар миёни амрикоиҳои раҳошуда Сиёмак Намозии 51-сола, Эмод Шарқии 59-сола ва Мурод Таҳбози 67-сола ҳастанд.

Намояндагии Эрон дар Созмони Милал гуфт, панҷ эроние, ки аз тарафи Амрико озод шуданд, Меҳрдод Муин-Ансорӣ, Ризо Сарҳангпур-Кафронӣ, Амин Ҳасанзода, Камбиз Аттор-Кошонӣ ва Кова Афросиёбӣ ҳастанд.

Табодули зиндониён миёни Амрико ва Эрон пас аз моҳҳо музокираҳои пинҳонӣ ба даст омадааст. Манобеъ ва мақомот мегӯянд, Қатар нақши асосиро бозид.

Доҳа аз моҳи марти соли 2022 мизбони чанд мулоқоти ғайримустақим ва пинҳонии намояндагони Теҳрону Вашингтон будааст. Дар даврҳои аввал барномаи ҳастаии Эрон дар миён буда, сипас ба сабабии печидагии мавзуъ онро ба табодули зиндониён табдил додаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Амрикову Эрон зиндониёнашонро иваз карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Вашингтон моҳи сентябр иҷоза дод, ки шаш миллиард доллари бандмондаи Эрон ба бонкҳои Қатар гузаронда шаванд. Доҳа акнун назорат мекунад, ки ҳокимони Эрон ин пулро ба харидани молҳои зери таҳрим харҷ накунанд.

Пули Эрон дар Кореяи Ҷанубӣ, яке аз муштариёни нафти ин кишвар, соли 2018 ва баъди сахттар шудани таҳримҳои Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ дармонда буд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури пешини Амрико, моҳи майи 2018 гуфта буд, ки “имрӯз мехоҳам ҷаҳонро дар бораи кӯшишҳои мо барои пешгирии Эрон аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ хабардор кунам.”

Ин иқдом баъд аз он сурат гирифт, ки Трамп кишварашро аз созиши ҳастаии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ берун кард. Он соли 2015 имзо шуда буд.

Иёлоти Муттаҳида пас аз инқилоби исломии соли 1979 риштаи равобитро бо Теҳрон бурид. Эрон аз он замон то ҳоло дар бунбасти сиёсӣ ва зери бори таҳримҳои иқтисодӣ ранҷ мекашад.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, дар шароити афзояндаи хашми мардум аз мушкилоти иқтисодӣ метавонад баъзе аз муомилаҳоро бо Амрико таҳаммул кунад. Аммо дар дохили Эрон бовар доранд, ки барои ба эътидол омадани муносибат бо Вашингтон ҳанӯз роҳи дарозе дар пеш аст.

Раҳбарони рӯҳонӣ аз он метарсанд, ки беҳбуди муносибат метавонад қонунияти Ҷумҳурии Исломӣ ва эътибори онро дар минтақа суст кунад ва ба қудрати Хоманаӣ зарба занад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони ҷумҳурихоҳ дар Амрико раҳоии пулҳои бандмондаи Эронро танқид карданд. Ба бовари онҳо, Ҷо Байден, раисиҷумҳури демократи Амрико, дар асл барои озодии шаҳрвандонаш аз зиндонҳои Эрон фидя пардохтааст. Кохи Сафед аз созиш пуштибонӣ кард.

Бо ин вуҷуд, оё тасмими охир дар оянда ба одӣ шудани баҳси ҳастаии Эрон бо Амрико сабаб хоҳад шуд ё не, ҳанӯз маълум нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG